11 HUD

  • 11:1

    Алиф, лом, ро. Китобест бо оёте устувору равшан аз ҷониби ҳакиме огоҳ,

  • 11:2

    ки ғайри Худои якторо напарастед, ман аз ҷониби Ӯ тарсонандаи шумо ва низ муждадиҳандае барои шумо ҳастам!

  • 11:3

    Ва низ аз Парвардигоратон бахшоиш бихоҳед ва ба даргоҳаш тавба кунед, то шуморо аз ризқе некӯ, то он гоҳ, ки муқаррар аст, бархурдорӣ диҳад. Ва ҳар шоистаи неъматро неъмат диҳад. Ва агар рӯйгардон шавед, бар шумо аз азоби рӯзи бузург бимнокам.

  • 11:4

    Бозгаштатон ба Худост ва Ӯ ба ҳар коре тавоност!

  • 11:5

    Огоҳ бош, ки инҳо сурат бармегардонанд, то рози дили худ пинҳон доранд, ҳол он ки ба он ҳангом, ки ҷомаҳои худ дар сар мекашанд. Худо ошкору ниҳонашонро медонад, зеро Ӯ ба рози дилҳо огоҳ аст.

  • 11:6

    Ҳар ҷунбандае дар рӯи замин мавҷуд аст, рӯзии ӯ бар ӯҳдаи Худост ва ҷои зисту маргашро медонад зеро ҳама дар китоби мубин омадааст.

  • 11:7

    Ӯст, ки осмонҳову заминро дар шаш рӯз офарид ва арши Ӯ бар рӯи об буд. То биёзмояд кадом як аз шумо ба амал некӯтар аст. Ва агар бигӯӣ, ки баъд аз марг зинда мешавед, кофирон гӯянд, ки ин ҷуз ҷодуии ошкор нест!

  • 11:8

    Ва агар чанд гоҳе азобашонро ба дер бияфканем, мепурсанд: «Чӣ чиз монеъи он шудааст?» Огоҳ бошед, чун азобашон фаро расад, онро бознагардонанд ва он чӣ масхарааш мекарданд, ононро дар бар хоҳад гирифт.

  • 11:9

    Агар ба инсон раҳмате бичашонем, он гоҳ аз ӯ бозаш гирем, ноумед мешавад ва ношукрӣ мекунад.

  • 11:10

    Ва агар пас аз сахтиву ранҷ неъмату осоише ба ӯ бичашонем, мегӯяд: «Ногувориҳо аз ман дур шудааст». Ва дар ин ҳол шодмон аст ва фахр мекунад,

  • 11:11

    ғайри касоне, ки сабр варзиданд ва корҳои некӯ карданд, ки омурзиш ва музди бузург аз они онҳост!

  • 11:12

    Шояд, ки баъзе аз чизҳоеро, ки бар ту ваҳй кардаем, тарк кунӣ ва ба он дилтанг бошӣ, ки мегӯянд: «Чаро ганҷе бар ӯ афканда намешавад? Ва чаро фариштае ҳамроҳи ӯ намеояд?» Ҷуз ин нест, ки ту бимдиҳандае беш нести ва Худост, ки корсози ҳар чизест.

  • 11:13

    Ё он ки мегӯянд, ки аз худ бармебофад ва ба дурӯғ ба Худо нисбаташ мекунад. Бигӯ: «Агар рост мегӯед, ҷуз Худо ҳар киро, ки тавонед, ба ёрӣ биталабед ва даҳ сура монанди он ба ҳам барбофта, биёваред.

  • 11:14

    Пас агар шуморо иҷобат накарданд, бидонед, ки Қуръон ба илми Худо нозил шуда ва низ ҳеҷ худое ҷуз Ӯ нест. Оё таслим мешавед?»

  • 11:15

    Онон, ки зиндагиву зинати ин дунёро бихоҳанд, пас ҳамаи музди кирдорашонро дар ин ҷаҳон медиҳем ва дар он нуқсоне намебинанд.

  • 11:16

    Инҳо касоне ҳастанд, ки дар охират ҷуз оташ насибе надоранд ва ҳар чӣ кардаанд, ночиз шавад ва ҳар чӣ ба ҷой оваранд, ботил аст!

  • 11:17

    Оё он кас, ки аз ҷониби Парвардигори худ далеле равшан дорад ва забонаш ба он гӯёст ва пеш аз ин китоби Мӯсо, ки худ пешвову раҳмате будааст, ба он гувоҳӣ дода, бо он кас, ки далеле надорад, баробар аст? Онҳо ба он китоби равшан имон меоваранд. Ва ҳар гурӯҳи дигаре, ки ба Ӯ кофир шавад, ҷойгоҳаш дар оташ аст. Дар он шак макун, ки ҳақ аст ва аз ҷониби Парвардигорат омадааст. Вале бештари мардум имон намеоваранд!

  • 11:18

    Чӣ кас ситамкортар аз он касест, ки ба Худо дурӯғ мебандад? Инҳоро ба Парвардигорашон арза хоҳанд дошт ва шоҳидон гувоҳӣ хоҳанд дод, ки инҳоанд, ки бар Парвардигорашон дурӯғ мебастаанд. Лаънати Худо бар ситамкорон бод;

  • 11:19

    онон, ки мардумро аз роҳи Худо бозмедоранд ва роҳи Худоро каҷиашро мехоҳанд ва ба охират имон надоранд,

  • 11:20

    Инҳо наметавонанд дар рӯи замин аз Худо бигурезанд ва ғайри Ӯ ҳеҷ ёваре надоранд, азобашон музоъаф (дучандон) мешавад. На тавони шунидан доштаанд ва на тавони дидан.

  • 11:21

    Инҳо ба хештан зиён расониданд ва он чиро, ки ба дурӯғ Худо мехонданд, аз даст додаанд.

  • 11:22

    Ба ночор дар охират зиёнкортаранд,

  • 11:23

    Касоне, ки имон оварданд ва корҳои шоиста кардаанд ва дар баробари Парвардигорашон сар хам намудаанд, аҳли биҳиштанд ва дар он ҷовидонанд.

  • 11:24

    Мисоли ин ду гурӯҳ мисли кӯру кар ва бинову шунавост. Оё ин ду ба мисол бо ҳам баробаранд? Чаро панд намегиред?

  • 11:25

    Ва Нӯҳро бар мардумаш ба паёмбарӣ фиристодем. Гуфт: «Ман барои шумо бимдиҳандае ошкорам,

  • 11:26

    ки ҷуз Худоӣ якторо напарастед! Зеро аз азоби рӯзи сахти қиёмат бар шумо бимнокам!»

  • 11:27

    Бузургони қавмаш, ки кофир буданд, гуфтанд: -Мо туро ҷуз инсоне монанди худ намебинем. Ва намебинем, ки ҷуз одамони паст ба ту пайравӣ кунанд. Ва намебинем, ки шуморо бар мо беҳтарие бошад, балки пиндорем, ки дурӯғ мегӯед».

  • 11:28

    Гуфт: «Эй қавми ман, чӣ мегӯед, агар аз Парвардигорам ҳуҷҷате ба ҳамроҳ дошта бошам ва Ӯ маро раҳмати хеш арзонӣ карда бошад ва шумо аз дидани он нотавон бошед, оё дар ҳоле, ки худ намехоҳед, шуморо ба зӯрӣ ба қабули Ӯ водорем?

  • 11:29

    Эй қавми ман, дар баробари таблиғи рисолати худ моле аз шумо наметалабам, Музди ман танҳо бо Худост. Онҳоеро, ки имон овардаанд, аз худ намеронам, онон бо Парвардигори худ дидор хоҳанд кард. Вале мебинам, ки шумо мардуме нодон ҳастед.

  • 11:30

    Эй қавми ман, агар онҳоро аз худ биронам, чӣ касе дар муқобили Худо маро ёрӣ хоҳад кард? Оё ҳақиқатро дарнамеёбед?

  • 11:31

    Ба шумо намегӯям, ки хазоини Худо дар назди ман аст, Ва илми ғайб ҳам намедонам. Ва намегӯям, ки фаришта ҳастам. Ва намегӯям, ки Худо ба онон, ки шумо ба ҳақорат дар онҳо менигаред, хайри худро ато накунад. Худо ба он чӣ дар дилҳои онҳост, огоҳтар аст. Агар чунин кунам, аз ситамкорон хоҳам буд».

  • 11:32

    Гуфтанд: «Эй Нӯҳ бо мо ҷидол кардӣ ва бисёр ҳам ҷидол кардӣ. Агар рост мегӯӣ, ҳар ваъдае, ки ба мо додаӣ, биёвар!»

  • 11:33

    Гуфт: «Худост, ки агар бихоҳад, он ваъдаро ошкор мекунад ва шумо аз он натавонед гурехт.

  • 11:34

    Ва агар Худо хоста бошад, ки гумроҳатон созад, агар ман бихоҳам шуморо панд диҳам, пандам суд нахоҳад кард. Ӯст Парвардигори шумо ва ҳама ба назди Ӯ бозмегардед».

  • 11:35

    Ё мегӯянд, ки онро ба Худо дурӯғ бастааст. Бигӯ: «Агар онро ба Худо дурӯғ баста бошам, гуноҳаш бар ман аст ва ман аз гуноҳе, ки мокунед, мубарро (пок) ҳастам.

  • 11:36

    Ва ба Нӯҳ ваҳй расид, ки аз қавми ту ҷуз он гурӯҳ, ки имон овардаанд, дигар имон нахоҳанд овард. Аз кирдори онон андӯҳгин мабош.

  • 11:37

    Киштиро зери назар ва илҳоми Мо бисоз ва дар бораи ин ситамкорон бо Ман сухан магӯй, ки ҳама ғарқ шаванд.

  • 11:38

    Нӯҳ киштӣ месохт ва ҳар бор, ки бузургони қавмаш бар ӯ мегузаштанд, масхарааш мекарданд. Мегуфт: «Агар шумо моро масхара мекунед, ба зуди мо ҳам монанди шумо масхараатон хоҳем кард.

  • 11:39

    Ба зуди хоҳед донист, ки азоб бар ки расад ва хораш созад ва азоби ҷовид бар кӣ фарояд!»

  • 11:40

    Чуи фармони Мо фаро омад ва танур ҷӯшид, гуфтем: «Аз ҳар нару мода дуто ва низ хонадони худро дар киштӣ биншон, — ғайри он касе, ки ҳукм дар борааш аз пеш содир шуда бошад — ва низ онҳоеро, ки ба ту имон овардаанд. Ва ҷуз андаке ба ӯ имон наёварда буданд».

  • 11:41

    Гуфт: «Бар он савор шавед, ки ба номи Худо ба рох афтад ва ба номи Худо биистад. Зеро Парвардигори ман бахшояндаву меҳрубон аст!

  • 11:42

    Киштӣ ононро дар миёни мавчҳое чун кӯҳ мебурд. Нӯҳ писарашро, ки дар гушае истода буд, нидо дод: «Эй писар, бо мо савор шав ва бо кофирон мабош!»

  • 11:43

    Гуфт: «Ман бар сари кӯҳе, ки маро аз об нигаҳ дорад, ҷо хоҳам гирифт». Гуфт: «Имрӯз ҳеҷ нигаҳдорандае аз фармони Худо нест, ғайри касеро, ки бар ӯ раҳм оварад». Ногаҳон мавҷ миёни он ду парда гашт ва ӯ аз ғарқ шудагон буд.

  • 11:44

    Ва гуфта шуд: «Эй замин, оби худ фурӯ бар ва эй осмон, бозист». Об фурӯ шуд ва кор ба поён омад ва киштӣ бар кӯҳи Ҷудӣ қарор гирифт ва нидо омад, ки лаънат бод бар мардуми ситамкора!

  • 11:45

    Нӯҳ Парвардигорашро нидо дод: «Эй Парвардигори ман, писарам аз хонадони ман буд ва ваъдаи Ту ҳақ аст ва нерӯмандтарини ҳукмкунандагон Ту Ҳастӣ!»

  • 11:46

    Гуфт: «Эй Нӯҳ, ӯ аз хонадони ту нест, ӯ амалест носолеҳ. Аз сари ноогоҳӣ аз Ман чизе махоҳ. Барҳазар медорам туро, ки аз мардуми нодон бошӣ».

  • 11:47

    Гуфт: «Эй Парвардигори ман, паноҳ мебарам ба Ту, агар аз сари ноогоҳӣ чизе бихоҳам ва агар маро набахшоӣ ва ба ман раҳмат наёварӣ, аз зиёнкардагон хоҳам буд».

  • 11:48

    Гуфта шуд: «Эй Нӯҳ ба саломат ва баракоте, ки бар туву онҳо, ки ҳамроҳи туанд, арзонӣ доштаем, фуруд ой. Ва умматҳое ҳастанд, ки онҳоро бархурдор месозем, он гоҳ дастхуши азоби дардовари Мо мешаванд».

  • 11:49

    Инҳо аз хабарҳои ғайб аст, ки бар ту ваҳй мекунем. Пеш аз ин на ту онҳоро медонистӣ ва на қавми ту. Пас сабр кун, зеро оқибати нек аз они парҳезгорон аст!

  • 11:50

    Ва бар қавми Од бародарашон Ҳудро фиристодем. Гуфт: «Эй қавми ман, Худои якторо бипарастед, шуморо ҳеҷ худое ҷуз Ӯ нест ва шумо дурӯғсозоне беш нестед.

  • 11:51

    Эй қавми ман, дар баробари паёми худ аз шумо музде наметалабам. Музди ман танхо бо он касест, ки маро офаридааст. Чаро аз рӯи хирад намеандешед?

  • 11:52

    Ва эй қавми ман, аз Парвардигоратон бахшоиш бихоҳед, он гоҳ бар остони Ӯ тавба кунед то боронро пай дар пай бар шумо фурӯ резад ва бар нерӯятон бияфзояд! Ва чун гунаҳкорон руй барматобед!»

  • 11:53

    Гуфтанд: «Эй худ, ту барои мо далели равшане наёвардаӣ ва мо ба гуфтори ту худоёни худро тарк намекунем ва ба ту имон намеоварем.

  • 11:54

    Ғайри ин нагӯем, ки баъзе аз худоёни мо ба ту озоре расондаанд». Гуфт: «Худоро гувоҳ мегирам ва шумо низ гувоҳ бошед, ки ман аз он чӣ ғайри Худои якто ба ширк мепарастед, безорам.

  • 11:55

    Ҳамагӣ ба ҳилагарӣ бар зидди ман бархезед ва маро мӯҳлат надиҳед.

  • 11:56

    Ман бар Худои якто, ки Парвардигори ман ва Парвардигори шумост, таваккал кардам. Ҳеҷ ҷунбандае, нест магар он ки зимоми ихтиёрашро Ӯ гирифтааст. Албатта Парвардигори ман бар сироти мустақим аст!

  • 11:57

    Агар, ҳам рӯйгардон шавед, ман рисолати худро ба шумо расонидам ва Парвардигори ман мардуми дигареро ҷонишини шумо хоҳад сохт ва ҳеҷ ба ӯ зиёне намерасонед. Зеро Парзардигори ман нигаҳбони ҳамаи чизҳост!»

  • 11:58

    Чун фармони Мо даррасид, ба бахшоиши хеш Ҳуд ва касонеро, ки ба ӯ имон оварда буданд, наҷот додем ва онҳоро аз азоби сахт раҳонидем.

  • 11:59

    Инҳо қавми Од буданд, ки оёти Парвардигорашонро инкор карданд ва паёмбаронашро нофармонӣ карданд ва ба фармони ҳар ҷаббори саркаш гардан ниҳоданд.

  • 11:60

    Ва дар ин дунёву рӯзи қиёмат гирифтори лаънат шуданд. Огоҳ бошед, ки қавми Од ба Парвардигорашон кофир шуданд, ки лаънат бод бар Од, қавми Ҳуд!

  • 11:61

    Ва бар қавми Самуд бародарашон Солеҳро фиристодем. Гуфт: «Эй қавми ман. Худой якторо бипарастед! Шуморо ҷуз Ӯ худое нест. Ӯст, ки шуморо аз замин падид овардааст ва хост, ки ободонаш доред. Пас бахшоиш хоҳед ва ба даргоҳаш тавба кунед. Албатта Парвардигори ман наздик аст ва дуъоҳоро иҷобат мекунад!»

  • 11:62

    Гуфтанд: «Эй Солеҳ пеш аз ин ба ту умед медоштем. Оё моро аз парастиши он чӣ падаронамон мепарастиданд, бозмедорӣ? Мо аз он чӣ моро ба он даъват мекунӣ, дар шаккем».

  • 11:63

    Гуфт: «Эй қавми ман, чӣ гӯед агар аз Парвардигорам ҳуҷҷате ба ҳамроҳ дошта бошам ва Ӯ маро раҳмати худ арзонӣ карда бошад, чӣ касе маро ёрӣ мекунад, агар аз фармонаш сарпечӣ кунам? Агар аз шумо фармон барам, ҷуз ба зиёни ман нахоҳед афзуд.

  • 11:64

    Эй қавми ман, ин модашутури Худованд аст ва нишонаест барои шумо. Бигзоредаш то дар замини Худо бичарад ва ба бадӣ маёзоредаш, ки ба зуди азоб шуморо фурӯ гирад».

  • 11:65

    Пас модашутурро қатл карданд. Гуфт: «Се рӯз дар хонаҳои худ аз зиндагӣ насибадор шавед ва ин ваъдаест холӣ аз дурӯғ».

  • 11:66

    Чун амри Мо фаро расид Солеҳро бо касоне, ки ба ӯ имон оварда буданд, ба раҳмати худ аз хории он рӯз наҷот бахшидем. Зеро Парвардигори ту тавонову пирӯзманд аст!

  • 11:67

    Ва ситамкоронро сайҳае (наърае) фурӯ гирифт ва дар хонаҳои худ бар ҷой мурданд.

  • 11:68

    Чунон ки гӯё ҳаргиз дар он диёр набудаанд. Огоҳ бошед, ки қавми Самуд ба Парвардигорашон кофир шуданд, ҳамоно, бар қавми Самуд лаънат бод!

  • 11:69

    Ба таҳқиқ расулони Мо барои Иброҳим мужда озарданд. Гуфтанд: «Салом!» Гуфт: «Салом!» Ва лаҳзае баъд гӯсолае бирён хозир овард.

  • 11:70

    Ва чун дид, ки ба он даст дароз намекунанд, ононро нохуш дошт ва дар дил аз онҳо бимнок шуд, гуфтанд: «Матарс, мо бар қавми Лут фиристода шудаем».

  • 11:71

    Занаш, ки истода буд, хандид. Ӯро ба Исҳоқ хушхабар додем ва пас аз Исҳоқ ба Яъқуб.

  • 11:72

    Зан гуфт: «Вой бар ман, оё дар ин пиронсолӣ мезоям ва ин шавҳари ман низ пир аст? Ин чизи аҷибест!»

  • 11:73

    Гуфтанд: «Оё аз фармони Худо таъаҷҷуб мекунӣ? Раҳмату баракати Худо бар шумо — аҳли ин хона арзонӣ бод. Ӯ сутуданӣ ва бузургвор аст!

  • 11:74

    Чун ваҳдат аз Иброҳим бирафт ва ӯро хушхабар омад, бо Мо дар бораи қавми Лут ба муҷодала бархост.

  • 11:75

    Иброҳим бурдбор аст ва раҳмдил аст ва фармонбардор аст!

  • 11:76

    Эй Иброҳим, аз ин сухан рӯй гардон! Фармони Парвардигорат омадааст ва бар онҳо азобе, ки ҳеҷ баргаште надорад, фурӯд хоҳад омад.

  • 11:77

    Чун расулони Мо назди Лут омаданд, Лут андӯҳгину дилтанг шуд ва гуфт: «Имрӯз рӯзи сахтест».

  • 11:78

    Ва қавмаш шитобон назди ӯ омаданд ва онон пеш аз ин муртакиби корҳои зишт мешуданд. Лут гуфт: «Эй қавми ман, инҳо духтарони ман ҳастанд. Барои Шумо покизатаранд. Аз Худо битарсед ва моро дар баробари меҳмононам ҳиҷил макунед. Оё марди хирадманде дар миёни шумо нест?»

  • 11:79

    Гуфтаь: д: «Ту худ медонӣ, ки моро ба духтарони ту ниёзе нест ва низ медонӣ, ки чӣ мехоҳем».

  • 11:80

    Лут гуфт: «Кош дар баробари шумо қудрате медоштам ва метавонистам ба такягоҳе устувор паноҳ бибарам!»

  • 11:81

    Гуфтанд: «Эй Лут, мо расулони Парвардигори ту ҳастем! Инҳо ҳаргиз ба ту даст нахоҳанд ёфт. Чун посе аз шаб бигзарад, хонадони худро берун бибар. Ва ҳеҷ як аз шумо рӯй барнагардонад, ҷуз занат, ки ба ӯ низ он чӣ ба онҳо расад, хоҳад расид. Ваъдаи онҳо субҳгоҳ аст. Оё субҳ наздик нест?»

  • 11:82

    Чун фармони Мо фаро расид, он ҷоро зеру забар кардем ва бар он шаҳр бороне аз сангҳое аз сиҷҷил" пай дар пай боронидем,

  • 11:83

    ки бар онҳо нишони Парвардигорат буд ва чунин азобе аз ситамкорон дур нест.

  • 11:84

    Ва бар Мадян бародарашон Шуъайбро фиристодем. Гуфт: «Эй қавми ман, Худои якторо бипарастед, шуморо ҳеҷ худое ҷуз Ӯ нест! Ва дар паймонаву тарозу нуқсон макунед! Инак шуморо дар неъмат мебинам. Ва аз рӯзе, ки азобаш шуморо фурӯ гирад, бимнокам.

  • 11:85

    Эй қавми ман, паймонаву тарозуро аз рӯи адл комил адо кунед ва ба мардум чизҳояшонро кам мадиҳед ва чун табаҳкорон дар замни фасод накунед.

  • 11:86

    Агар имон овардаед, он чӣ Худо боки мегузорад, бароятон беҳтар аст. Ва ман нигаҳбони шумо нестам».

  • 11:87

    Гуфтанд: «Эй Шуъайб, оё намозат ба ту фармон медиҳад, ки мо он чиро падаронамон мепарастиданд, тарк гӯем ё дар молҳои худ ончунон, ки худ мехоҳем, истифода накунем? Ба ростӣ ту марде бурдбору хирадманд ҳастӣ».

  • 11:88

    Гуфт: «Эй қавми ман, чӣ мегӯед, агар бо ман аз ҷониби Парвардигорам ҳуҷҷате бошад ва Ӯ маро ризқе некӯ ато карда бошад? Агар шуморо манъ мекунам, барои он нест, ки худ суде бибарам. То он ҷо, ки битавонам, қасде ҷуз ба салоҳ оварданатон надорам. Тавфиқи ман танҳо бо Худост. Ба Ӯ таваккал кардаам ва ба даргоҳи Ӯ рӯй меоварам».

  • 11:89

    Эй қавми ман, зиддият бо ман шуморо ба коре вонадорад то он чӣ бар қавми Нӯҳ ё қавми Ҳуд ё қавми Солеҳ ё дар ҳамин наздикӣ ба қавми Лут расид, ба шумо низ бирасад.

  • 11:90

    Аз Парвардигоратон омурзиш бихоҳед. Ба даргоҳаш тавба кунед, ки Парвардигори ман меҳрубону дӯстдоранда аст!»

  • 11:91

    Гуфтанд: «Эй Шуъайб, бисёре аз чизҳоеро, ки мегӯӣ, намефаҳмем, туро дар миёни худ нотавон мебинем, агар ба хотири қабилаат набуд, сангсорат мекардем ва ту бар мо пирӯзӣ наёбӣ».

  • 11:92

    Гуфт: «Эй қавми ман, оё қабилаи ман дар назди шумо аз Худо пирӯзмандтар аст? Оё Худоро паси пушти худ афкапдед? Ва ҳол он ки Парвардигори ман бар ҳар коре, ки мекунед, огоҳ аст!

  • 11:93

    Эй қавми ман, шумо ҳамчунон, ки ҳастед, ба кори худ машғул бошед ва ман ҳам ба кори худ машғул мешавам. Ба зуди хоҳед донист, ки он азоби хоркунанда бар чӣ касе фурӯд меояд ва чӣ касе дурӯғгӯст. Мунтазир бимонед, ман низ бо шумо мунтазир мемонам!»

  • 11:94

    Чун амри Мо фаро расид, Шуъайб ва касонеро, ки ба ӯ имон оварда буданд, ба раҳмати худ раҳонидем. Ва ситамкоронро фарёди сахте фурӯ гирифт ва дар хонаҳои хеш бар ҷой мурданд,

  • 11:95

    чунон ки гӯё ҳаргиз дар он диёр набудаанд. Огоҳ бош, лаънат бар мардуми Мадян бод, ҳамчунон ки лаънат бар қавми Самуд!

  • 11:96

    Ва Мо Мӯсоро ҳамроҳ бо оёту ҳуҷҷати ошкори худ фиристодем,

  • 11:97

    ба назди Фиръавн ва бузургони қавмаш. Аммо онон пайрави фармони Фиръавн шуданд. Ва фармони Фиръавн ба роҳи савоб роҳ наменамуд.

  • 11:98

    Дар рӯзи қиёмат пешопеши қавми худ биёяд ва ҳамаро ба оташ дароварад, ки дохилшудагонро бад ҷойгоҳест!

  • 11:99

    Лаънати инҷаҳонӣ ва лаънати рӯзи қиёматро аз пай доранд ва чӣ бад атое ба онон дода шудаст!

  • 11:100

    Инҳо ахбори деҳаҳоест, ки барои ту ҳикоят мекунем; деҳаҳое, ки баъзе ҳанӯз барпоянд ва баъзе вайрон.

  • 11:101

    Мо ба онҳо ситам накардем, балки худ ба худ ситам мекарданд. Ва чун амри Парвардигори ту фаро расид, худоёне, ки ба ҷои Худои якто мепарастиданд, ҳеҷ даркорашон наёмаданд ва ҷуз зиёнкорӣ чизе бар онон наяфзуданд.

  • 11:102

    Инчунин буд ба азоб гирифтани Парвардигори ту, вақте ки бихоҳад деҳае ситамкорро ба азоб кашад. Ба азоб гирифтани Ӯ азобе сахт дардовар аст!

  • 11:103

    Дар инҳо барои касоне, ки аз азоби охират бимноканд, ибратест, дар он рӯз, ки мардум гирд оварда шаванд ва он рӯз, ки мардумро дар он ҳозир оваранд!

  • 11:104

    Ва ҷуз то андак муддате ба дераш намегузорем.

  • 11:105

    Рӯзе, ки чун биёяд, ҳеҷ кас ҷуз ба фармони Ӯ сухан нагӯяд ва мардумон баъзе бадбахт бошанд ва баъзе некбахт.

  • 11:106

    Аммо бадбахтон дар оташанд ва мардумонро дар он ҷо нолае зору фарёде сахт бувад.

  • 11:107

    Ва то осмонҳову замин боқӣ ҳастанд, дар он ҷо ҷовидона бимонанд, магар он чи Парвардигорат бихоҳад, зеро Парвардигори ту ҳар чӣ хоҳад, ҳамон кунад!

  • 11:108

    Аммо некбахтон то осмонҳову замин боқӣ ҳастанд, дар биҳишт ҷовидон бимонанд; ғайри он чӣ Парвардигорат бихоҳад. Атои Ӯ ҳеҷ қатъ намешавад.

  • 11:109

    Аз он чӣ инҳо мепарастанд, ба шакку шубҳа мабош. Ҷуз ба он гуна, ки падаронашон пеш аз ин мепарастиданд, намепарастанд. Мо насиби ононро бе ҳеҷ камукост адо хоҳем кард!

  • 11:110

    Ба Мӯсо китоб додем. Дар он китоб ихтилоф шуд. Агар на ҳукме буд, ки пеш аз ҷониби Парвардигорат содир шуда буд, миёнашон доварӣ шуда буд, ки онҳо дар он китоб сахт дар шубҳаанд.

  • 11:111

    Ва Парвардигори ту ҷазои аъмоли ҳамаро ба тамомӣ хоҳад дод ва Худо ба корҳое, ки мекунанд, огоҳ аст!

  • 11:112

    Ҳамроҳ бо онон, ки бо ту рӯ ба Худо кардаанд, ҳамчунон, ки амр шудаӣ, собитқадам бош. Ва аз ҳад нагузаред, ки Ӯ ба ҳар коре, ки мекунед, биност!

  • 11:113

    Ба ситамкорон майл накунед, ки оташ бисӯзонадатон. Шуморо ғайри Худо ҳеҷ дӯсте нест ва касе ёриатон накунад!

  • 11:114

    Намоз бигузор дар оғозу анҷоми рӯз ва соъате аз шаб. Зеро некиҳо бадиҳоро аз миён мебаранд. Ин пандест барои пандгирандагон.

  • 11:115

    Сабр кун, зеро Худованд музди некӯкоронро табоҳ намесозад!

  • 11:116

    Чаро дар миёни мардумоне, ки пеш аз шумо буданд, ғайри андаке, ки аз он миён наҷоташон додем, хирадмандоне набуданд, то мардумонро аз фасод кардан дар замин боздоранд? Золимон аз паи осудагиву лаззати дунё рафтанд ва гунаҳкор буданд.

  • 11:117

    Парвардигори ту ҳеҷ деҳаеро, ки мардумаш некӯкор бошанд, ба ситам ҳалок нахоҳад сохт.

  • 11:118

    Ва агар Парпардигори ту хоста буд, ҳамаи мардумро як уммат карда буд, вале хамеша гуногун хоҳанд буд,

  • 11:119

    магар онҳое, ки Парвардигорат бар онҳо раҳмат оварда ва онҳоро барои ҳамин биёфаридааст. Ва сухани Парвардигори ту бар ин муқаррар шуда, ки ҷаҳаннамро аз ҳамаи ҷинну инс пур мекунам.

  • 11:120

    Ҳар хабаре аз ахбори паёмбаронро бароят ҳикоят мекунем, то туро қавидил гардонем. Ва дар ин китоб бар ту сухани ҳақ ва барои мӯъминон панду насиҳат нозил шудааст.

  • 11:121

    Ба касоне, ки имон намеоваранд, бигӯ: «Шумо ба чӣ тарз, ки хоҳед, амал кунед, мо низ амал мекунем.

  • 11:122

    Шумо интизор бикашед, мо низ мунтазир мемонем!»

  • 11:123

    Ва аз они Худост ниҳони осмонҳову замин ва ба Ӯ бозгардонда мешавад ҳамаи корҳо. Ӯро бипараст ва бар Ӯ таваккал кун, ки Парвардирорат аз он чӣ ба ҷой меоваред, ғофил нест!

Paylaş
Tweet'le