22 HAC

  • 22:1

    Эй мардум, аз Парвардигоратон битарсед, ки зилзилаи қиёмат ҳодисаи бузургест!

  • 22:2

    Он рӯз, ки бубинедаш, ҳар ширдиҳанде ширхораашро аз ёд бибарад ва ҳар ҳомилае бори худро, бар замин гузорад ва мардумро чун мастон бинӣ, ҳол он ки маст нестанд, балки азоби Худо сахт аст.

  • 22:3

    Баъзе аз мардум бе ҳеҷ донише дар бораи Худо баҳс мекунанд ва ба дар шайтони саркаше пайравӣ мекунанд.

  • 22:4

    Бар шайтон чунин муқаррар шуда, ки ҳар касро, ки дӯсташ бидорад, гумроҳ кунад ва ба азоби оташи сӯзонаш кашонад.

  • 22:5

    Эй мардум, агар аз рӯзи қиёмат дар шубҳа ҳастед, Мо шуморо аз хок ва сипас аз нутфа, он гоҳ аз лахтаи хуне ва сипас аз порагӯште гоҳ тамом офарида, гоҳ нотамом биёфаридаем, то қудрати худро бароятон ошкор кунем. Ва то замоне муъайян ҳар чиро хоҳем, дар раҳмхҳо нигаҳ медорем. Он гоҳ шуморо, ки кӯдаке ҳастед, берун меоварем, то ба ҳадди зӯрмандии худ расед. Баъзе аз шумо мемирандва баъзе ба солхӯрдагӣ бурда мешаванд, то он гоҳ ки ҳар чӣ омӯхтаанд, фаромӯш кунанд. Ва ту заминро хушкида мебинӣ. Чун борон бар он бифирис- тем, дар ҷунбиш ояд ва нашъу намо кунад ва аз ҳар гуна гиёҳи боравнақ бирӯёнад.

  • 22:6

    Ва инҳо далел бар он аст, ки Худо ҳақ аст, мурдагонро зинда месозад ва бар ҳар коре тавоност.

  • 22:7

    Ва низ қиёмат хоҳад омад, шаке дар он нест. Ва Худо ҳамаи касонеро, ки дар гӯрҳо ҳастанд, зинда мекунад.

  • 22:8

    Аз мардум касест, ки бе ҳеҷ донише ва ҳеҷ роҳнамоӣ ва ҳеҷ китоби равшанибахше дар бораи Худо баҳс мекунад.

  • 22:9

    Гарданро ба такаббур ба як сӯ мепечонад, то мардумро аз роҳи Худо гумроҳ созад. Насиби ӯ дар дунё хорист ва дар рӯзи қиёмат азоби оташро ба ӯ мечашонем.

  • 22:10

    Ин ҷазои корҳоест, ки пеш аз ин кардаӣ ва Худо ба бандагонаш ситам намекунад.

  • 22:11

    Ва аз миёни мардум касест, ки Худоро бо шубҳа мепарастад. Агар хайре ба ӯ расад, дилаш ба он ором гирад ва агар озмоише пеш ояд, рӯй бартобад. Дар дунёву охират зиён бинад ва он зиёне ошкор аст.

  • 22:12

    Ғайри Худо касеро мехонад, ки на зиёне ба ӯ мерасонад ва на нафъе ва ин гумроҳиест беохир.

  • 22:13

    Касеро мехонад, ки зиёнаш наздиктар аз нафъи ӯст. Чӣ бад дӯстдорест ва чӣ бад ҳамсӯҳбат.

  • 22:14

    Худо касонеро, ки имон оварда ва корҳои шоиста кардаанд, ба биҳиштҳое, ки дар он наҳрҳо ҷорист, дохил месозад ва Худо ҳар чӣ хоҳад, ҳамон мекунад.

  • 22:15

    Касе, ки мепиндорад, ки Худо дар дунёву охират ёриаш нахоҳад кард, худашро бо ресмоне ба сақф биёвезад то худро хафа кунад ва бингарад, ки оё ин ҳила хашмашро аз миён хоҳад бурд.

  • 22:16

    Ба ин тарз Қуръонро нозил кардем бо оёте равшангар. Ва Худо ҳар касро, ки бихоҳад, ҳидоят мекунад.

  • 22:17

    Худо миёни онон, ки имон овардаанд ва онон, ки дини яҳуд ё собион ё насоро ё маҷус ихтиёр кардаанд ва онон, ки мушрик шудаанд, дар рӯзи қиёмат ҳукм мекунад. Зеро Ӯ бар дар коре шоҳид аст!

  • 22:18

    Оё надидаӣ, ки ҳар кас дар осмонҳову ҳар кас, ки дар замин аст ва офтобу моҳ ва ситорагону кӯҳҳо ва дарахтону ҷунбандагон ва бисёре аз мардум Худоро саҷда мекунанд? Ва бар бисёре азоб муқаррар шуда ва ҳар киро Худо хор созад, ҳеҷ кас гиромиаш намедорад. Зеро Худо ҳар чӣ бихоҳад, ҳамон мекунад. (Сачда).

  • 22:19

    Ин ду гурӯҳ дар бораи Парвардигорашон ба хусумат бархостаанд. Барои онон, ки кофиранд, ҷомаҳое аз оташ буридаанд ва аз боло бар сарашон оби ҷӯшон мерезанд.

  • 22:20

    Бо он оби ҷӯшон ҳар чӣ дар даруни шикам доранд ва низ пӯстҳояшон гудохта мешавад.

  • 22:21

    Ва низ барои онҳост гурзҳое оҳанин.

  • 22:22

    Ҳар гоҳ, ки хоҳанд, аз он азоб, аз он андӯҳ берун оянд, бори дигар ононро ба он бозгардонанд, ки бичашед азоби оташи сӯзандаро.

  • 22:23

    Худо касонеро, ки имон оварда ва корҳои шоиста кардаанд, ба биҳиштҳое, ки дар он наҳрҳо ҷорист, дохил месозад. Дар он ҷо бо дастбандҳое аз тиллову марворид ороста шаванд ва либосашон аз ҳарир аст.

  • 22:24

    Онҳо ба он сухани пок ва ба роҳи Худованди сутуданӣ роҳнамоӣ шудаанд.

  • 22:25

    Онҳое, ки кофир шуданд ва мардумро аз роҳи Худо ва масҷидулҳаром, ки барои мардуми чӣ муқиму чӣ ғариб яксон аст, бозмедоранд ва низ ҳар киро дар он ҷо қасди каҷравӣ ё ситамкорӣ дошта бошад, азоби дардовар мечашонем.

  • 22:26

    Ва макони хонаро барои Иброҳим ошкор кардем ва гуфтем: «Ҳеҷ чизро шарики Ман масоз ва хонаи Маро барои тавофкунандагон ва ба намоз истодагон ва рокеъону соҷидон покиза бидор».

  • 22:27

    Ва мардумро ба ҳаҷ даъват кун то пиёда ё савор бар шутурони лоғар аз роҳҳои дур назди ту биёянд.

  • 22:28

    То нафъҳоеро, ки аз они онҳост, бубинанд ва номи Худоро дар рӯзҳое муъайян ба ҳангоми забҳи чорпоёне, ки Худо ризқи онҳо сохта, ёд кунанд. Пас аз онҳо бихӯреду бенавоёнӣ фақирро низ таъом диҳед.

  • 22:29

    Сипас чирк аз худ дур кунанд ва назрҳои худро адо кунанд ва бар он хонаи кӯҳансол тавоф кунанд.

  • 22:30

    Ҳамчунин ҳар кас даст аз ҳаром бидорад, дар назди Парвардигораш барояш беҳтар аст. Ва чорпоён бар шумо ҳалоланд, ғайри онҳое, ки бароятон хонда шуда. Пас аз бутҳои палиду сухани ботилу дурӯғ парҳез кунед.

  • 22:31

    Рӯйовардагон ба Худо бошед ва ширкнаёвардагон ба Ӯ; ва ҳар кас, ки ба Худо ширк оварад, чун он касест, ки аз осмон фурӯ афтад ва мурғ ӯро бирабояд ё бодаш ба маконе дур андозад.

  • 22:32

    Оре, касоне, ки шиъорҳои Худоро бузург мешуморанд, корашон нишони парҳезгории дилҳояшон бошад.

  • 22:33

    Аз он шутурони қурбонӣ то замоне муъайян бароятон судҳост, сипас ҷои қурбониашон дар он хокаи кӯҳансол аст.

  • 22:34

    Барои ҳар уммате расми қурбонӣ кардане ниҳодем, то ба он сабаб, ки Худо аз чорпоён рӯзиашон додааст, номи Ӯро бар забон ронанд. Пас Худои шумо Худои яктост, дар баробари Ӯ таслим шавед. Ва ибодаткунандагонро хушхабар деҳ

  • 22:35

    онон, ки чун номи Худо бурда шавад, дар дил битарсанд ва ба он ҳангом, ки ба онҳо мусибате расад, собиранд ва намозгузоронанд ва аз он чӣ рӯзиашон додаем, садақа мекунанд.

  • 22:36

    Шутурони қурбониро барои шумо аз шиорҳои Худо қарор додем. Шуморо дар он хайрест. Ва ҳамчунон ки бар пой истодаанд, номи Худоро бар онҳо бихонед ва чун паҳлӯяшон бар замин расид, аз онҳо бихӯред ва фақиронро қонеъу гадоёнро таъом диҳед. Инҳоро барои шумо ром кардем. Бошад, ки шукргузорӣ кунед!

  • 22:37

    Гӯшту хуни ин шутурон ба Худо намерасад. Он чӣ ба Ӯ мерасад, парҳезгории шумост. Ҳамчунин онҳоро роми шумо сохт то Худоро ба шукронаи он, ки ҳидоятатон кардааст, ба бузургӣ ёд кунед. Ва некӯкоронро хушхабар деҳ!

  • 22:38

    Худо аз касоне, ки имон овардаанд, дифоъ мекунад ва Худо хиёнаткорони носипосро дӯст надорад!

  • 22:39

    Ба касоне, ки ба ҷанг ба сарашон тохт овардаанд ва мавриди ситам қарор гирифтаанд, рухсат дода шуд ва Худо бар пирӯз гардониданашон тавоност.

  • 22:40

    Онҳое, ки ба ноҳақ аз диёрашон ронда шудаанд, фақат ин буд, ки мегуфтанд; «Парвардигори мо Худои яктост?» Ва агар Худо баъзеро ба василаи баъзе дигар дафъ накарда буд, дайрҳову калисоҳо ва куништҳову масҷидҳое, ки номи Худо ба фаровонӣ дар он бурда мешавад, вайрон мегардид. Ва Худо ҳар касро, ки ёриаш кунад, ёрӣ мекунад ва Худо тавонову пирӯзманд аст!

  • 22:41

    Ҳамон касон, ки агар дар замин қудраташон диҳем, намоз мегузоранд ва закот медиҳанд ва амр ба маъруфу наҳй аз мункар мекунанд. Ва саранҷоми ҳамаи корҳо бо Худост!

  • 22:42

    Агар инҳо туро дурӯғ баровардаанд, пеш аз онҳо қавми Нӯҳ ва Од ва Самуд низ дурӯғ баровардаанд,

  • 22:43

    ва низ қавми Иброҳим ва қавми Лут,

  • 22:44

    ва мардуми Мадян. Ва Мӯсо низ такзиб гардвд. Ман ба кофирон мӯҳлат додам, он гоҳ онҳоро фурӯ гирифтам. Ва уқубати Ман чӣ гуна буд?

  • 22:45

    Чӣ бисёр деҳаҳои золимро ҳалок кардем ва сақфҳояшон фурӯ рехт ва чӣ бисёр чоҳҳо, ки бекора монд ва қасрҳои баланди гаҷкоришуда бесоҳиб монд.

  • 22:46

    Оё дар замин сайр намекунанд, то соҳиби дилҳое гарданд, ки ба он ақл кунанд ва гӯшҳое, ки бо он бишнаванд? Зеро чашмҳо нестанд, ки кӯр мешаванд, балки дилҳое, ки дар синаҳо ҷой доранд, кӯр шаванд.

  • 22:47

    Аз ту ба шитоб азоб металабанд ва Худо ҳаргиз ваъдаи худро хилоф намекунад. Ва як рӯз аз рӯзҳои Парвардигори ту баробар бо ҳазор сол аст, аз он солҳое, ки мешумуред.

  • 22:48

    Чӣ бисёр деҳаҳое, ки золим буданд ва Ман мӯҳлаташон додам, он гоҳ онҳоро фурӯ гирифтам. Ва бозгашти ҳама назди Ман аст!

  • 22:49

    Бигӯ: «Эй мардум, ман барои шумо бимдиҳандае ошкорам».

  • 22:50

    Пас ононро, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, бахшоишу ризқе бузург аст.

  • 22:51

    Ва онон, ки дар радди оёти Мо мекӯшанд ва мехоҳанд Моро очиз кунанд, аҳли ҷаҳаннаманд.

  • 22:52

    Мо пеш аз ту ҳар як расул ё набиеро фиристодабошем, чун ба хондани оёт машғул шуд, шайтон дар сухани ӯ чизе афканд. Ва Худо он чиро, ки шайтон афканда буд насх (рад) кард, сипас оёти худро устоворӣ бахшид ва Худо донову ҳаким аст!

  • 22:53

    То ки он чӣ шайтон дар сухани ӯ афканда, барои касоне, ки дар қалбҳояшон беморист ва низ сахтдилон озмоише бошад ва ситамкорон дар душмание бузурганд!

  • 22:54

    Ва то донишёфтагон бидонанд, ки Қуръон ба ростӣ аз ҷониби Парвардигори туст ва ба он имон биёваранд ва дилҳояшон ба он ором гирад. Ва Худо касонеро, ки имон овардаанд, ба роҳи рост ҳидоят мекунад.

  • 22:55

    Ҳамеша кофирон дар он шак мекунанд, то он гоҳ, ки қиёмат ногаҳон бар сарашон фаро расад ё ба азоби рӯзи бешодмонӣ гирифтор оянд.

  • 22:56

    Фармонравоӣ дар он рӯз аз они Худост. Миёнашон ҳукм мекунад. Пас касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, дар биҳиштҳои пурнеъматанд.

  • 22:57

    Ва касоне, ки кофир шудаанд ва оёти Моро дурӯғ шумурдаанд, барояшон азобест хоркунанда!

  • 22:58

    Ва касонеро, ки дар роҳи Худо муҳоҷират карданд, сипас кушта шуданд ё худ мурданд, Худо ба ризқе некӯ рӯзӣ медиҳад. Зеро Худо беҳтарини рӯзидиҳандагон аст.

  • 22:59

    Ононро ба ҷое дароварад, ки аз он хушнуд бошанд. Ва албатта Худо донову собирает!

  • 22:60

    Ҳар кас уқубат кунад, ҳамчунон ки ӯро уқубат кардаанд, он гоҳ бар ӯ дубора ситам кунанд, Худо ёриаш хоҳад кард. Зеро Худо авфкунанда ва омурзанда аст.

  • 22:61

    Ин ба он сабаб аст, ки Худо аз шаб кам мекунад ва ба рӯз меафзояд ва аз рӯз кам мекунад ва ба шаб меафзояд. Ва Худо шунавову биност.

  • 22:62

    Ин ба он сабаб аст, ки Худо ҳақ аст ва он чӣ ба ҷои Ӯ ба худоӣ мехонанд, ботил аст ва Ӯ баландмартабаву бузург аст.

  • 22:63

    Оё надидаӣ, ки Худо аз осмон борон фиристод ва замин пурсабза гардид? Албатта Худо борикбину огоҳ аст!

  • 22:64

    Аз они Ӯст он чӣ дар осмонҳо ва он чӣ дар замин аст. Ӯст бениёз (бе эҳтиёҷ) ва сазовори ситоиш!

  • 22:65

    Оё надидаӣ, ки Худо ҳар чиро дар рӯи замин аст, роми шумо кардааст ва киштиҳоро, ки дар дарё ба фармони Ӯ мераванд? Ва осмонро нигоҳ дошта, ки ҷуз ба фармони Ӯ бар замин наафтад. Зеро Худоро бар мардум раъфату (шафқату) меҳрубонист.

  • 22:66

    Ӯст он кӣ шуморо зиндагӣ бахшид ва сипас бимиронд ва боз зинда месозад. Ва одамӣ ношукр аст.

  • 22:67

    Барои ҳар уммате дине ниҳодем, то бар он дин бошад. Пас дар ин кор бо ту муҷодала накунанд ва мардумро ба Парвардигори худ даъват кун, зеро ту ба ростӣ бар роҳи рост қадам мениҳӣ.

  • 22:68

    Ва агар бо ту муҷодала карданд, бигӯ: «Худо бар ҳар коре, ки мекунед, огоҳтар аст.

  • 22:69

    Дар он чӣ мавриди ихтилофи шумост, Худо дар рӯзи қиёмат ҳукм хоҳад кард».

  • 22:70

    Оё надонистаӣ, ки Худо ҳар чиро, ки дар осмонҳову замин аст, медонад? Ва ин дар китобе навиштааст ва корест бар Худо осон.

  • 22:71

    Ва ғайри Оллоҳ чизеро мепарастанд, ки хеҷ далеле бар вуҷудаш нозил нашудааст ва ҳеҷ донише бад-он надоранд. Ва ситамкорон ёваре надоранд.

  • 22:72

    Чун оёти равшангари Мо бар онон хонда шавад, нишони инкорро бар чеҳраи кофирон мешиносӣ чунон ки наздик бошад бар онон, ки оётро мехонанд, ҳамлавар шаванд. Бигӯ: «Оё шуморо ба чизе бадтар аз ин огоҳ кунам? Оташ. Худо онро бар касоне, ки имон наовардаанд, ваъда додааст ва оташ бад саранҷомест!»

  • 22:73

    Эй мардум, мисоле ова; рда шуд. Бад-он гӯш диҳед. Касоне, ки онҳоро ба ҷои Оллоҳ ба худоӣ мехонед, агар ҳама гирд оянд, магасеро нахоҳанд офарид ва агар магасе чизе аз онҳо бирабояд, бозситонданашро натавонанд. Толибу матлуб ҳар ду нотавонанд!

  • 22:74

    Худоро, чунон ки лоиқи Ӯст, нашинохтанд. Ҳар оина Худо нерӯманду пирӯз аст!

  • 22:75

    Худо аз миёни фариштагону мардумон расулоне ихтиёр мекунад. Албатта Худо шунавову биност!

  • 22:76

    Он чиро, ки дар пеши рӯяшон аст ва он чиро, ки пӯшти сарашон аст, медонад. Ва ҳамаи корҳо бад-Ӯ бозмегардад.

  • 22:77

    Эй касоне, ки имон овардаед, руқӯъ кунед ва саҷда кунед ва Парвардигоратонро бипарастед ва корҳои нек ба ҷой оваред, бошад, ки наҷот ёбед.

  • 22:78

    Дар роҳи Худованд, чунон ки бояд ҷиҳод кунед. Ӯ шуморо баргузид. Ва бароятон дар дин ҳеҷ тангное падид наёвард. Дини падаратон Иброҳим аст. Ӯ пеш аз ин ва дар ин шуморо мусалмон номид. То паёмбар бар шумо гувоҳ бошад ва шумо бар дигар мардум гувоҳ бошед. Пас намоз бигузоред ва закот бидиҳед ва ба Худо ибодат кунед! Ӯст мавлои шумо. Чӣ мавлое неку ва чӣ ёваре некӯ!

Paylaş
Tweet'le