25 FURKAN

  • 25:1

    Бузург асту бузургвор он кас, ки ин фурқонро бар бандаи Худ нозил кард, то ҷаҳониёнро бимдиҳандае бошад.

  • 25:2

    Он кас, ки аз они Ӯст фармонравоии осмонҳову замин ва фарзанде нагирифтааст ва Ӯро шарике дар фармонравоӣ нест ва ҳар чизро биёфаридааст ва онро ба миқдор офаридааст.

  • 25:3

    Ғайри Ӯ худоёне дигар гирифтанд, ки ҳеҷ чиз намеофаринанд, ва худ махлуқанд. На молики зиёни худ ҳастанд ва на нафъи худ ва молики маргу зиндагӣ ва қиёмат нестанд.

  • 25:4

    Ва кофирон гуфтанд, ки ин ҷуз дурӯғе, ки худ бофтааст ва гурӯҳе дигар ӯро бар он ёрӣ додаанд, ҳеҷ нест. Ҳаққо, он чӣ мегӯянд, ситаму ботил аст.

  • 25:5

    Ба гуфтанд: «Ин афсонаҳои пешиниён аст, ки ҳар субҳу шом бар ӯ хонда мешавад ва ӯ менависадаш».

  • 25:6

    Бигӯ: «Ин китобро касе нозил кардааст, ки ниҳони осмонҳову заминро медонад ва бахшояндаву меҳрубон аст!»

  • 25:7

    Гуфтанд: «Чаро ин паёмбар, ғизо мехӯрад ва дар бозорҳо роҳ меравад? Чаро фариштае бар ӯ фурӯд намеояд то бо ӯ бимдиҳанда бошад?

  • 25:8

    Чаро аз осмон ганҷе барояш афканда нашавад? Чаро ӯро боғе нест, ки аз он бихӯрад?» Ва ситамкорон гуфтанд: «Шумо ба марди ҷодушудае пайравӣ мекунед!»

  • 25:9

    Бингар, ки чӣ гуна бароят достонҳо меоваранд. Гумроҳ шудаанд ва тавони роҳ ёфтанашон нест!

  • 25:10

    Бузургу бузургвор аст он кас, ки агар хоҳад, беҳтар аз он ба ту медиҳад — боғҳое, ки дар онҳо наҳрҳо ҷорӣ бошад ва бароят қасрҳо биофаринад.

  • 25:11

    Балки инҳо қиёматро дурӯғ ҳисобанд. Ва Мо барои каноне, ки қиёматро дурӯғ ҳисобанд, оташи сӯзон омода кардаем,

  • 25:12

    ки чун аз роҳи дур бубинадашон, ҷӯшишу хурӯшашро бишнаванд.

  • 25:13

    Ва чун дастҳо бар гардан баста дар тангие аз он афтанд, ба дуъо марги худ мехоҳанд.

  • 25:14

    Имрӯз на як бор марги худ хоҳед, марги худ фаровон хоҳед!

  • 25:15

    Бигӯ: «Оё ин беҳтар аст ё он биҳишти ҷовидон, ки ба парҳезгорон ваъда шудааст, ки мукофоту саранҷоми онон хоҳад буд?»

  • 25:16

    То абад ҳар чӣ бихоҳанд, дар он ҷо ҳаст. Ваъдаест, ки анҷом додани он аз Парвардигорат хоста шудааст.

  • 25:17

    Рӯзе, ки ононро бо чизҳое, ки ғайри Худои якто мепарастиданд, ба машҳар ҷамъ овард ва сипас пурсад: «Оё шумо ин бандагони Маро гумроҳ мекардед, ё онҳо худ роҳро гум карда буданд?»

  • 25:18

    Гӯянд: «Покӣ Ту! Моро сазовор набудааст, ки ҷуз ту касеро ба ёрӣ гирем. Ту худ онҳо ва падаронашонро бархурдор сохтӣ, чунон ки ёди Туро фаромӯш карданд ва мардуме шуданд ба ҳалокат афтода.

  • 25:19

    Инҳо он чиро мегуфтед, дурӯғ хонданд ва акнун натавонед азоберо аз худ дур созед ё худро ёрӣ диҳед. Ва ҳар кас аз шумо, ки ситам кунад, азобе бузургаш мечашонем.

  • 25:20

    Пеш аз ту паёмбароне фиристодаем, ки таъом мехӯрданд ва дар бозорҳо роҳ мерафтанд. Ва шуморо василаи озмоиши якдигар қарор додем. Оё сабр тавонед кард? Ва Парвардигори ту биност.

  • 25:21

    Касоне, ки ба дидори Мо умед надоранд, гуфтанд: «Чаро фариштагон бар мо намефароянд? Ё чаро Парвардигори худро намебинем?» Ба ростӣ, ки худро бузург шумурданд ва саркашӣ карданд, саркашие бузург.

  • 25:22

    Рӯзе, ки фариштагонро бубинанд, дар он рӯз гунаҳкоронро ҳеҷ хушхабаре надиҳанд ва ба инҳо гӯянд: «Хушхабар бар шумо ҳаром аст!»

  • 25:23

    З Ва ба аъмоле, ки кардаанд, қасд кунем ва ҳамаро чун зарроти хок барбод диҳем.

  • 25:24

    Аҳли биҳишт дар ин рӯз дар беҳтарин ҷойгоҳ ва беҳтарин макон барои оромиш ҳастанд,

  • 25:25

    Рӯзе, ки осмон бо абрҳо мешикофад ва фариштагон бар замин поён фиристода шаванд,

  • 25:26

    фармонравоӣ дар он рӯз, ба ростӣ, аз они Худои раҳмон аст. Ва барои кофирон рӯзе душвор хоҳад буд.

  • 25:27

    Рӯзе, ки кофир дастони худро ба дандон газад ва гӯяд: «Эй кош, роҳеро, ки расул дар пеш гирифта буд дар роҳ гирифта будам.

  • 25:28

    Вой бар ман, кош фалонро дӯст намегирифтам;

  • 25:29

    бо он ки Қуръон барои ман нозил шуда буд, маро аз пайравиаш бозмедошт. Ва ин шайтон ҳамеша одамиро хору танҳо мегузорад.

  • 25:30

    Паёмбар гуфт: «Эй Парвардигори ман қавми ман тарки Қуръон гуфтанд!»

  • 25:31

    Инчунин ҳар паёмбареро аз миёни кофирон душмане падид овардем. Ва Парвардигори ту барои роҳнамоиву ёрии ту кофист!

  • 25:32

    Кофирон гуфтанд: «Чаро ин Қуръон ба якбора бар ӯ нозил намешавад?» Барои он аст, ки дили туро ба он устуворӣ диҳем ва онро ба оҳистагиву тартиб хонем.

  • 25:33

    Ҳар мисоле барои ту биёваранд, албатта ҷавобашро ба ростӣ ва некӯтарин баён биёварем.

  • 25:34

    Касонеро, ки аз рӯй мекашанду дар ҷаҳаннам ҷамъ меоваранд, ба ҷойгоҳ бадтару ба роҳ гумгаштатаранд.

  • 25:35

    Ба Мӯсо китоб додем ва бародараш Ҳорунро мададгораш сохтем.

  • 25:36

    Ва гуфтем: «Назди мардуме, ки оёти Моро дурӯғ баровардаанд, биравед». Ва он қавмро ба сахтӣ ҳалок кардем.

  • 25:37

    Қавми Нӯҳро, чун паёмбаронро дурӯғ бароварданд, ғарк кардем ва онҳоро барои мардум ибрате сохтем. Ва барои ситамкорон азобе дардовар омода кардаем

  • 25:38

    ва Одро ва Самудро ва асҳоби Рассро ва наслҳои бисёреро, ки миёни онҳо буданд, ҳалок кардем.

  • 25:39

    Ва барои ҳама мисолҳое овардем ва ҳамаро несту нобуд сохтем.

  • 25:40

    Ва бар деҳае, ки бар он борони азоб борида будем, гузар мекарданд. Оё онро намедиданд? Оре, ба қиёмат умед надоштанд.

  • 25:41

    Чун туро диданд, масхараат карданд, ки оё ин аст он паёмбаре, ки Худо бар мо фиристода аст?

  • 25:42

    Агар бар худоёнамон устувор намеистодем, наздиқ буд, ки моро аз парастишашон гумроҳ кунад. Чун азобро бубинанд, хоҳанд донист чӣ касе гумроҳтар будааст.

  • 25:43

    Оё он касро, ки ҳавои нафсро ба худоӣ гирифта буд, дидӣ? Оё ту зомини ӯ ҳастӣ?

  • 25:44

    Ё гумон кардаӣ, ки бештаринашон мешунаванду мефаҳманд? Инҳо чун чорпоёне ҳастанд, балки аз чорпоён ҳам гумроҳтаранд.

  • 25:45

    Надидаӣ, ки Парвардигори ту чӣ гуна сояро мекашад? Агар мехост, дар як ҷо сокинаш мегардонд. Он гоҳ офтобро бар ӯ далел гардонидем.

  • 25:46

    Сипас баргиркфтемаш, гирифтане андак-андак.

  • 25:47

    Ӯст, ки шабро пӯшиши шумо кард ва хобро оромишатон ва рӯзро замони бархостанатон.

  • 25:48

    Ӯст, ки пешопеши раҳмати худ бодҳоро ба мужда додан фиристод. Ва аз осмон обе пок нозил кардем,

  • 25:49

    то сарзамини мурдаро ба он ҳаёт бахшем ва чорпоён ва мардуми бисёреро, ки офаридаем, аз он об диҳем.

  • 25:50

    Ва то ба тафаккур пардозанд, боронро миёнашон тақсим кардем. Вале бештари мардум носипосӣ карданд!

  • 25:51

    Агар мехостем, ба ҳар деҳае бимдиҳандае мефиристодем.

  • 25:52

    Ба кофирон итоъат макун ва ба ҳукми Худо бо онҳо чиҳод кун, чиҳоде бузург!

  • 25:53

    Ӯст, ки ду дарё ба ҳам биёмехт — яке ширину гуворо ва дигаре шӯробе сахт газанда. Ва миёни он ду мрнеъае ва садде устувор қарор дод.

  • 25:54

    Ӯст, ки одамиро аз об биёфарид ва ӯро насабу пайванд сохт ва Парвардигори ту ба ин корҳо тавоност!

  • 25:55

    Ғайри Худои якто чизҳоеро мепарастанд, ки ба онҳо на нафъ медиҳад ва на зиён. Ва кофир ҳамеша ёрирасони мухолифони Парвардигори худ. аст.

  • 25:56

    Мо туро фиристодем, барои он ки хушхабар диҳӣ ва битарсонӣ.

  • 25:57

    Бигӯ: «Ман аз шумо ҳеҷ музде наметалабам лекин ҳарки хоҳад, ба суй Парвардигораш роҳе биёбад».

  • 25:58

    Ва бар Он зиндае, ки намемирад, таваккал кун ва ба ситоиши Ӯ тасбеҳ гӯй ва Ӯ худ барои огоҳӣ аз гуноҳони бандагонаш кофист,

  • 25:59

    он, ки осмонҳову замин ва ҳар чиро дар миёни онҳост, дар шаш рӯз биёфарид, он гоҳ ба арш пардохт. Ӯст Худои раҳмон ва дар бораи Ӯ аз касе бипурс, ки огоҳ бошад.

  • 25:60

    Ва чун ба онон гуфта шуд, ки Раҳмонро саҷда кунед, гуфтанд: «Раҳмон кист? Оё бар ҳар кас, ки ту фармон медиҳӣ, саҷда кунем?» Ва бар нафраташон афзуда шуд. (Саҷда).

  • 25:61

    Бузургу бузургвор аст он касе, ки дар осмон бурҷҳо биёфарид ва дар онҳо чароғеву моҳе тобон падид овард.

  • 25:62

    Ва Ӯст, ки шабу рӯзро барои касоне, ки мехоҳанд ибрат гиранд, ё шукргузорӣ кунанд, аз паи ҳам қарор дод.

  • 25:63

    Бандагони Худои раҳмон касоне ҳастанд, ки дар рӯи замин ба фурӯтанӣ роҳ мераванд. Ва чун ҷоҳилон ононро хитоб кунанд, ба мулоимӣ сухан гӯянд.

  • 25:64

    Ва онон, ки шабро дар саҷда ё дар қиём барои Парвардигорашон рӯз мекунанд.

  • 25:65

    Ва онон, ки мегӯянд: «Эй Парвардигори мо, азоби ҷаҳаннамро аз мо бигардон, зеро азоби ҷаҳаннам азобест доим!

  • 25:66

    "Ҷаҳаннам бад кароргоҳу бад маконест».

  • 25:67

    Ва онон, ки чун нафақа мекунанд, исроф намекунанд ва хасисӣ намекунанд, балки миёни ин ду роҳи миёнаро мегиранд.

  • 25:68

    Ва онон, ки бо Худои якто худои дигаре намегиранд ва касеро, ки Худо куштанашро ҳаром карда, ба ғайри ҳақ намекушанд ва зино намекунанд. Ва ҳар кӣ ин корҳо кунад, уқубати гуноҳи худро мебинад.

  • 25:69

    Азобаш дар рӯзи қиёмат музоъаф (дучандон) мешавад ва то абад ба хори дар он азоб хоҳад буд,

  • 25:70

    ғайри он касон, ки тавба кунанд ва имон оваранд ва корҳои шоиста кунанд. Худо гуноҳонашонро ба некиҳо мубаддал мекунад ва Худо бахшояндаву меҳрубон аст!

  • 25:71

    Ва ҳар кӣ тавба кунад ва кори шоиста кунад, ба шоистагӣ назди Худо бозгардад.

  • 25:72

    Ва онон, ки ба дурӯғ шоҳидӣ намедиҳанд ва чун бар нописандӣ бигзаранд, ба шитоб аз он дурӣ меҷӯянд.

  • 25:73

    Ва онон, ки чун ба оёти Парвардигорашон пандашон диҳанд, дар баробари он чун карону кӯрон набошанд.

  • 25:74

    Ва онон, ки мегӯянд: «Эй Парвардигори мо, аз ҳамсарону фарзандонамон дилҳои моро шод дор ва моро пешвон! парҳезгорон гардон!»

  • 25:75

    Инҳо ҳамон касонанд, ки ба хотири сабре, ки таҳаммул кардаанд, ғурфаҳои биҳиштро музд ёбанд ва дар он ҷо ба дуруду саломашон бинавозанд.

  • 25:76

    Ҷовидона дар он ҷо бошанд. Чӣ некӯ қароргоҳу маконест!

  • 25:77

    Бигӯ: «Агар дуъо (ву илтиҷо)-и шумо намебуд, Парвардигори ман ба шумо қадрдоние намекард. Дар ҳақиқат шумо дурӯғ кардаед ва ҷазоатон ҳамроҳатон хоҳад буд».

Paylaş
Tweet'le