31 LOKMAN

  • 31:1

    Алиф, лом, мим.

  • 31:2

    Инҳо ояҳои китоби ҳикматомез аст.

  • 31:3

    Некӯкоронро ҳидояту раҳматест:

  • 31:4

    онон, ки намоз мегузоранду закот медиҳанд ва ба охират яқин доранд.

  • 31:5

    Инҳо аз ҷониби Парвардигорашон ҳидоят ёфтаанд ва инҳо наҷотёфтагонанд.

  • 31:6

    Баъзе аз мардум харидори суханони беҳудаанд, то ба нодонӣ мардумро аз роҳи Худо гумроҳ кунанд ва Қуръонро ба масхара мегиранд. Насиби инҳо азобост хоркунанда.

  • 31:7

    Ва чун оёти Мо бар онҳо хонда шавад, бо худписандӣ рӯй баргардонанд, чунон ки гӯӣ нашунидаанд. Ё монанди касе, ки гӯшҳояш сангин (вазнин) шуда бошад. Ӯро ба азобе дардовар мужда деҳ!

  • 31:8

    Насиби онон, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, боғҳои пурнеъмати биҳишт аст.

  • 31:9

    Дар он ҷо ҷовидонанд, ваъдаи Худо рост аст. Ӯ ғолибу ҳаким аст!

  • 31:10

    Осмонҳоро бе ҳеҷ сутуне, ки бубинед, биёфарид ва бар рӯи замин кӯҳҳоро бияфканд, то наларзонадатон ва аз ҳар гуна ҷунбандае дар он бипароканд. Ва аз осмон об фиристодем ва дар замин ҳар гуна гиёҳи некӯе рӯёнидем.

  • 31:11

    Ин офариниши Худост. Пас ба Ман нишон диҳед онҳо, ки ғайри Ӯ ҳастанд, чӣ офаридаанд. Балки золимони дар гумроҳии ошкоре ҳастанд.

  • 31:12

    Албатта ба Луқмон ҳикмат додему гуфтетм: «Худоро шукр гӯй, зеро ҳар кӣ шукр гӯяд, ба нафъи худ шукр гуфта ва ҳар кӣ ношукрӣ кунад, Худо бениёзу (беэҳтиёҷ) ситоиш карданист!»

  • 31:13

    Ва Луқмон ба писараш гуфт ва ӯро панд медод, ки эй писараки ман, ба Худо ширк маёвар, зеро ширк зулмест бузург.

  • 31:14

    Одамиро дар бораи падару модараш супориш кардем. Модараш ба ӯ томила шуд ва ҳар рӯз нотавонтар мешуд ва пас аз ду сол аз шираш бозгирифт. Ва супориш кардем, ки Марову падару модаратро шукр гӯй, ки бозгашти ту назди ман аст.

  • 31:15

    Агар он ду ба кӯшиш аз ту бихоҳанд, то чизеро, ки намедонӣ чист, бо Ман шарик гардонӣ, итоъаташон накун. Дар дунё бо онҳо ба тарифе писандида зиндагӣ кун ва худ роҳи касонеро, ки ба даргоҳи Ман бозмегарданд, дар пеш гир. Бозгашти ҳамаи шумо ба сӯи Ман аст ва Ман аз корҳое, ки мекардаед, огоҳатон мекунам.

  • 31:16

    Эй писараки ман! «Агар амал ба қадри як донаи хардал дар даруни харсанге ё дар осмонҳо ё дар замин, бошад, Худо ба ҳисобаш меоварад, ки Ӯ заррабину огоҳ аст!

  • 31:17

    Эй писараки ман! Намоз бигузор ва амр ба маъруфу наҳй аз мункар кун ва бар ҳар чӣ бар ту расад, сабр кун, ки ин аз корҳоест, ки набояд дар онҳо бепарвоӣ кард.

  • 31:18

    Ба такаббур аз мардум рӯй магардон ва ба худписандӣ бар замин роҳ марав, зеро Худо ҳеҷ такаббури фахрфурӯшеро дӯст надорад.

  • 31:19

    Дар рафторат роҳи миёнаро баргузин ва овозатро фуруд ор, яъне баланди беҳад накун, зеро нохуштарини овозҳо овози харон аст.

  • 31:20

    Оё надидаед, ки Худо ҳар чиро, ки дар осмонҳову замин аст, роми шумо кардааст ва неъматҳои худро чӣ ошкору чӣ пинҳон ба тамомӣ бар шумо ато кардааст? Ва баъзе аз мардум бе ҳеҷ донише ё роҳнамоеву китоби равшане дар бораи Худо ҷидол (баҳс) мекунанд.

  • 31:21

    Ва чун ба онҳо бигӯянд: «Ба он чӣ Худо нозил кардааст, пайравӣ кунед», гӯянд: «На! Мо аз дине, ки падарони худро бар он ёфтаем, пайравӣ мекунем». Агарчи шайтон ба азоби оташашон даъват карда бошад.

  • 31:22

    Ҳар кӣ рӯи худ ба Худо кунад ва некӯкор бошад, албатта ба дастгираи устуворе ҷанг задааст ва поёни ҳамаи корҳо ба сӯи Худост!

  • 31:23

    Он кас, ки кофир шудааст, куфраш туро ғамгин насозад. Бозгашташон назди Мост. Пас ба корҳое, ки кардаанд, огоҳашон мекунем. Зеро Худо ба он чӣ дар дилҳо мегузарад, огоҳ аст!

  • 31:24

    Андаке комёбашон месозем, сипас ба бечорагӣ ба азоби сахташон мекашонем.

  • 31:25

    Агар аз онҳо бипурсӣ: «Чӣ касе осмонҳову заминро офаридааст?» Хоҳанд гуфт: «Худо». Бигӯ: «Шукр Худоро!» Балки бештарашон нодонанд!

  • 31:26

    Аз они Худост он чӣ дар осмонҳову замин аст ва Худо бениёзу сутуданист! (шукр гуфтанист)

  • 31:27

    Ва агар ҳамаи дарахтони рӯи замин қалам шаванд ва даре мураккаб (ранг) ва ҳафт дарёи дигар ба мададаш биёяд, суханони Худо поён намеёбад. Ва Худо пирӯзманду ҳаким аст!

  • 31:28

    Офариниши ҳамаи шумо ва боз зинда карданатон танҳо монанди зинда кардани як тан аст Албатта Худо шунавову биност!

  • 31:29

    Оё надидаӣ, ки Худо аз шаб кам мекунаду ба рӯз меафзояд ва аз рӯз кам мекунаду ба шаб меафзояд ва офтобу моҳро роми худ сохт, ки ҳар як то замоне муъайян дар ҳаракат аст? Ва Худо ба корҳое, ки мекунед, огоҳ аст!

  • 31:30

    Ин ба он сабаб аст, ки Худои якто ҳақ аст ва ҳар чӣ ба ғайри Ӯ мехонанд, ботил аст ва Худост баландмартабаву бузургвор.

  • 31:31

    Оё надидаӣ, ки киштӣ ба неъмати Худо дар дарё равон мешавад, то Худо баъзе аз оёти қудрати худро ба шумо бинамоёнад? Дар ин барои мардуми сабркунандаи шукргузор ибратҳост!

  • 31:32

    Ва чун мавҷҳои азим монанди абрҳо онҳоро фурӯ пӯшад, Худоро аз рӯи ихлос дар дил бихонанд. Ва чун наҷоташон диҳад ва ба хушкӣ барад, баъзе ба аҳди худ вафо кунанд. Ва ҷуз ғаддорони (бевафоёни) кофири неъмат оёти Моро инкор накунанд.

  • 31:33

    Эй мардум, аз Парвардигоратон битарсед ва аз рӯзе, ки ҳеҷ падаре ҷазои фарзандро ба ӯҳда нагирад ва ҳеҷ фарзанде ҷазои падарро ӯҳдадор нашавад, битарсед. Ваъдаи Худо ҳақ аст. Зиндагии дунё фиребатон надиҳад ва низ шайтони фиребкор ба карами Худо фиребатон насозад.

  • 31:34

    Худост, ки медонад, ки қиёмат чӣ вақт меояд. Ӯст, ки борон меборонад ва аз он чӣ дар шикамҳои занҳои ҳомила аст, огоҳ аст. Ва ҳеҷ кас намедонад, ки фардо чӣ чиз ба даст хоҳад овард ва касе намедонад, ки дар кадом замин хоҳад мурд. Худо донову огоҳ аст!

Paylaş
Tweet'le