4 NİSA

  • 4:1

    Эй мардум, битарсед аз Парвардигоратон, он, ки шуморо аз як тан биёфарид ва аз он як тан ҳамсари ӯро ва аз он ду мардону занони бисёр падид овард. Ва битарсед аз он Худое, ки бо савганд ба номи Ӯ аз якдигар чизе мехоҳед ва зинҳор аз хешовандон мабуред. Албатта Худо назораткукандаи шумост!

  • 4:2

    Моли ятимонро ба ятимон диҳед ва ҳаромро бо ҳалол иваз накунед. Ва молҳои онҳоро ҳамроҳ бо молҳои хеш махӯред, ки ин гуноҳе бузург аст!

  • 4:3

    Агар шуморо бими он аст, ки дар кори ятимон адолат накунед, аз занон ҳар чӣ шуморо писанд афтад, ду-ду ва се-се ва чаҳор-чаҳор ба никоҳ, дароваред. Ва агар бими он доред, ки ба адолат рафтор накунед, танҳо як зан бигиред ё ҳар чӣ молики он шавед. Ин роҳе беҳтар аст то ки зулму ситам накунед.

  • 4:4

    Маҳри занонро ба тиби (майли) хотир ба онҳо бидиҳед. Ва агар баъзе аз онро ба ризоят ба шумо бахшиданд, бигиред, ки ҳалолу покизаатон хоҳад буд.

  • 4:5

    Молҳоятонро, ки Худо сабаби зиндагии шумо сохтааст, ба дасти беақлҳо мадиҳед, вале аз он хӯроку либосашон диҳед ва бо онон сухан ба некӣ гӯед.

  • 4:6

    Ятимонро биёзмоед, то он гоҳ, ки ба синни заношӯӣ расанд, пас агар дар онон рушде ёфтед, молҳояшонро ба худашон бисупоред, Ва аз бими он, ки мабод ба синни рушд расанд, молҳояшонро ба ноҳақ ва шитоб мехӯред. Ҳар кӣ тавонгар аст, бипарҳезад ва ҳар кӣ бенавост, ба он миқдор, ки урф тасдиқ кунад, бихӯрад. Ва чун амволашонро таслимашон кардед, касонеро бар онон ба шоҳидӣ гиред ва Худо барои ҳисоб кардан кофист.

  • 4:7

    Аз ҳар чӣ падару модар ва хешопандон ба мерос мегузоранд, мардонро насибест. Ва аз он чӣ падару модар ва хешовандон ба мерос мегузоранд, чӣ андак ва чӣ бисёр занонро низ насибест. Насибе муайян.

  • 4:8

    Ва чун ба ҳангоми тақсим хешовандону ятимон ва мискинон ҳозир омаданд, ба онон низ чизе садақа кунед ва бо онҳо ба некӯӣ сухан гӯед.

  • 4:9

    Бояд аз Худо битарсанд касоне, ки агар пас аз худ фарзандоне нотавон бар ҷой мегузоранд, аз сарнавишти онҳо тарсонанд. Бояд, ки аз Худо битарсанд ва сухани одилона ва басавоб гӯянд!

  • 4:10

    Онҳо, ки молҳои ятнмонпо ба ситам мехӯранд, шиками хеш пур аз оташ мекунанд ва ба оташе фурузон хоҳанд афтод!

  • 4:11

    Худо дар бораи фарзандонатон ба шумо супориш мекунад, ки саҳми писар баробари сахми ду духтар аст. Ва агар духтар бошанд ва беш аз ду тан, ду саввуми мерос аз онҳост. Ва агар як духтар бувад, нисф барад ва агар мурдаро фарзанде бошад, ҳар як аз падару модар як шашуми меросро барад. Ва агар фарзанде надошта бошад ва меросбарон танҳо падару модар бошанд, модар як саввуми дороиро барад. Аммо агар бародарон дошта бошад, саҳми модар пас аз анҷоми васийяте, ки карда ва баъди пардохти қарзи ӯ як шашум бошад. Ва шумо намедонед, ки аз падарону писаронатон кадом як шуморо фоиданоктар аст. Инҳо ҳукми Худост, ки Худо донову ҳаким аст!

  • 4:12

    Агар занонатон фарзанде надоштанд, пас аз анҷом додани васияте, ки кардаанд ва пас аз пардохти қарзи онҳо нисфи меросашон аз они шумост. Ва агар фарзанде доштанд, як чаҳоруми он. Ва агар шуморо фарзанде набуд, пас аз анҷом додани васияте, ки кардаед ва пас аз пардохти қарзҳоятон як чаҳоруми меросатон аз они занонатон аст. Ва агар дорои фарзанде будед, як ҳаштуми он. Ва агар марде ё зане бимирад ва меросбари вай на падар бошад ва на фарзанди ӯ, агар ӯро бародар ё хоҳаре бошад, ҳар як аз он ду як шашум барад. Ва агар беш аз яке буданд, ҳама дар як саввуми мол — пас аз анҷом додани васияте, ки кардааст, бе он ки барои ворисатон зиёнманд бошад ва низ пас аз адои қарзашон — шарик ҳастанд. Ин пандест аз Худо ба шумо ва Худо донову бурдбор аст!

  • 4:13

    Инҳо аҳкоми Худост. Ҳар кас аз Худо ва паёмбараш фармон барад, ӯро ба биҳиштҳое, ки дар он наҳрҳо ҷорист, дароварад ва ҷовидон дар он ҷо хоҳад буд ва ин комёбии бузургест!

  • 4:14

    Ва ҳар кӣ аз Худову расулаш фармон набарад ва аз аҳкоми ӯ таҷовуз кунад, ӯро дохил дар оташ кунад ва ҷовидон дар он ҷо хоҳад буд ва барои ӯст азобе хоркунанда.

  • 4:15

    Ва аз занони шумо онон, ки муртакпби фаҳшо (гуноҳ) мешаванд, чаҳор тан аз худатон бар зидди онҳо шаҳодат бихоҳед. Агар шоҳидӣ доданд, занонро дар хона маҳбус доред, то маргашон фаро расад ё Худо роҳе барояшон муқаррар кунад.

  • 4:16

    Ва он ду танро, ки муртакиби он амал шудаанд, биёзоред. Ва чун тавба кунанд ва ба салоҳ оянд, аз озорашон даст бардоред, зеро Худо тавбапазиру меҳрубон аст.

  • 4:17

    Фақат ва фақат қабули тавба барои касонест, ки ба нодонӣ содиркунандаи коре зишт мешаванд ва зуд тавба мекунанд. Худо тавбаи онҳоро мепазирад ва Худо донову ҳаким аст.

  • 4:18

    Тавбаи касоне, ки корҳои зишт мекунанд ва чун маргашон фаро мерасад, мегӯянд, ки акнун тавба кардем ва киз онон, ки кофир бимиранд, пазируфта нахоҳад шуд. Барои инон азобе дардовар муҳайё кардаем.

  • 4:19

    Эй касоне, ки имон овардаед, шуморо ҳалол нест, ки занонро бар хилофи майлашон мерос бибаред. Ва то қисмате аз он чиро, ки ба онҳо додаед, бозпас ситонед, бар онҳо сахт магиред, ғайри он ки гуноҳи фаҳши исботшуда карда бошанд. Ва бо онон ба некӯӣ рафтор кунед. Ва агар шуморо аз занон хуш наёмад, чӣ басо чизҳо, ки шуморо аз он хуш намеояд, дар ҳоле, ки Худо хайри бисёре дар он ниҳода бошад.

  • 4:20

    Агар хостед, зане ба ҷои зане дигар бигиред ва ӯро моли бисёре додаед, набояд чизе аз ӯ бозситонед, Оё ба занон тӯҳмат мезанед, то маҳрашонро бозпас гиред? Ин гуноҳе ошкор аст!

  • 4:21

    Ва чӣ гуна он молро бозпас мегиред ва ҳол он ки ҳар як аз шумо аз дигаре баҳраманд шудааст ва занон аз шумо паймоне устувор гирифтаанд.

  • 4:22

    Бо заноне, ки падаронатон ба ақди хеш даровардаанд заношӯӣ макунед, ғайрӣ он ки пеш аз ип чунон карда бошед. Зеро ин кор зино ва мавриди хашми Худост ва роҳест нописанд.

  • 4:23

    Модаронатон ва духтаронатон ва хоҳаронатон ва аммаҳоятон ва холаҳоятон ва духтарони бародарон ва духтарони хоҳаронатон ва заноне, ки шуморо шир додаанд ва хоҳарони шириятон ва модарони занонатон бар шумо ҳаром шудаанд. Ва духтарони занонатон, ки дар канори шумо ҳастанд, ҳар гоҳ бо он занон ҳамбистар шудаед, бар шумо ҳаром шудаанд. Вале агар ҳамбистар нашудаед, гуноҳе муртакиб нашудаед. Ва низ занони писароне, ки аз пушти шумо ҳастанд, бар шумо ҳаром шудаанд. Ва набояд ду хоҳарро дар як замон ба занӣ гиред, ғайри он ки пеш аз ин чунин карда бошед. Албатта Худо омурзарда ва меҳрубон аст.

  • 4:24

    Ва низ занони шавҳардор бар шумо ҳаром шудаанд, магар онҳо, ки ба тасарруфи шумо даромада бошанд. Аз китоби Худо пайравӣ кунед. Ва ҷуз инҳо занони дигар ҳар гоҳ дар талаби онон аз моли хеш маҳре бипардозед ва онҳоро ба никоҳ дароваред на ба зино, бар шумо ҳалол шудаанд. Ва занонеро, ки аз онҳо лаззат мегиред, воҷиб аст, ки маҳрашонро бидиҳед. Ва пас аз маҳри муъайян дар қабули ҳар чӣ ҳар ду ба он ризо бидиҳед, гуноҳе нест. Ҳар оина Худо донову ҳаким аст!

  • 4:25

    Ҳар касро, ки тавонгарӣ набошад, то озодзанони мӯъминаро ба никоҳи худ дароварад, аз канизони мӯъминае, ки молнки онҳо ҳастед, ба занӣ гиред. Ва Худо ба имони шумо огоҳтар аст. Ҳама аз ҷинси якдигаред. Пас бандагонро ба изни соҳи бонашон никоҳ кунед ва маҳрашонро ба тарзи шоистае бидиҳед. Ва бояд, ки покдоман бошанд на зинокор ва на аз онҳо, ки ба пинҳон дӯст мегиранд. Ва чун шавҳар карданд, ҳар гоҳ муртакиби фаҳшо шаванд, шиканҷаи онон нисфи шиканҷаи озодзанон аст. Ва ин барои касонест аз шумо, ки бим доранд, ки ба гуноҳ афтанд. Бо ин ҳама агар сабр кунед, бароятон беҳтар аст ва Худо омурзандаву меҳрубон аст.

  • 4:26

    Худо мехоҳад барои шумо ҳама чизро ошкор кунад ва ба суннатҳои пешиниёнатон роҳ бинамояд ва тавбаи шуморо бипазирад, ки Худо донову ҳаким аст.

  • 4:27

    Худо мехоҳад тавбаи шуморо бипазирад. Вале онон, ки аз паи шаҳват мераванд, мехоҳанд, ки шумо ба каҷравии азиме афтед.

  • 4:28

    Худо мехоҳад бори шуморо сабук кунад, зеро одамӣ нотавон офарида шудааст.

  • 4:29

    Эй касоне, ки имон овардаед, моли якдигарро ба ноҳак, махӯред, ғайри молҳои тиҷоратӣ, ки ҳар ду тараф ба он ризоят дода бошед. Ва худатонро макушед. Албатта Худо бо шумо меҳрубон аст!

  • 4:30

    Ва ҳар кӣ ин корҳо аз рӯи таҷовузу ситам кунад, ӯро дар оташ хоҳем афканд ва ин бар Худо осон аст!

  • 4:31

    Агар аз гуноҳони бузурге, ки шуморо аз он манъ кардаанд, парҳез кунед, аз дигар гуноҳонатон дармегузарем ва шуморо ба маконе некӯ дармеоварем.

  • 4:32

    Орзӯ макунед он чизҳоеро, ки ба онҳо Худо баъзе аз шуморо бар баъзе дигар бартарӣ додааст. Мардонро аз он чӣ кунанд, насибест ва занонро аз он чӣ кунанд, насибе. Ва рӯзӣ аз Худо хоҳед, ки Худо бар ҳар чизе огоҳ аст!

  • 4:33

    Барон ҳама, дар он чӣ падару модар ва хешовандони наздик ба мерос мегузоранд, меросбароне қарор додаем. Ва насиби ҳар касро, ки бо ӯ қароре кардаед, бипардозед, ки Худо бар ҳар чизе гувоҳ аст!

  • 4:34

    Мардон аз он ҷиҳат, ки Худо баъзеро бар баъзе бартарӣ додааст ва аз он ҷиҳат, ки аз моли худ нафақа медиҳанд, бар занон сардорӣ доранд. Пас занони шоиста фармонбардоранд ва дар ғайбати шӯй афифанд (пок) ва фармони Худоро нигоҳ медоранд. Ва он занонро, ки аз нофармонияшон бим доред, панд диҳед ва аз хобгоҳашон дурӣ кунед ва бизанедашон. Агар фармонбардорӣ карданд, аз он пас дигар роҳи зулм пеш нагиред. Ва Худо баландпояву бузург аст!

  • 4:35

    Агар аз нотинҷии миёни зану шӯй огоҳ шудед, доваре аз касони мард ва доваре аз касони зан бифиристед. Агар он дуро қасди ислоҳ бошад, Худо миёнашон мувофиқат пайдо мекунад, ки Худо донову огоҳ аст!

  • 4:36

    Худоро бипарастед ва ҳеҷ чиз шарики Ӯ масозед ва ба падару модар ва хешовандону ятимон ва бенавоёну ҳамсояи хешованд ва ҳамсояи бегона ва ёри мусоҳибу мусофири раҳгузар ва бандагони худ некӣ кунед. Албатта Худо мутакаббирону фахрфурӯшонро дӯст надорад,

  • 4:37

    онон, ки бахилӣ мекунанд ва мардумро ба бухл мефармоянд ва молеро, ки Худо ба онҳо додааст, пинҳон мекунанд. Ва мо барои кофирон азобе хоркунанда муҳайё сохтаем.

  • 4:38

    Ва низ касонеро, ки амволи хеш барои худнамоӣ харҷ мекунанд ва ба Худову рӯзи қиёмат имон намеоваранд. Ва ҳар кӣ шайтон қарини ӯ бошад, қарине бад дорад!

  • 4:39

    Чӣ зиён дорадашон, агар ба Худову рӯзи қиёмат имон оваранд ва аз он чӣ Худо ба онҳо рӯзӣ додааст, эҳсон кунанд? Худо ба корашон доност!

  • 4:40

    Худо заррае ҳам ситам намекунад. Агар некие бошад, онро ду баробар мекунад ва аз ҷониби худ музде бузург медиҳад.

  • 4:41

    Чӣ гуна хоҳад буд он рӯз, ки аз ҳар уммате гувоҳе биёварем ва туро бар ин уммат ба гувоҳӣ биёварем?

  • 4:42

    Дар он рӯз кофирон ва онон, ки бар расул фармон набурданд, орзӯ кунанд, ки бо хоки замин яксон мебуданд. Ва ҳеҷ суханеро аз Худо пинҳон натавонанд кард!

  • 4:43

    Эй касоне, ки имон овардаед, он гоҳ, ки маст ҳастед, гирди намоз магардед, то бидонед, ки чӣ мегӯед. Ва низ дар ҳоли ҷанобат, то ғусл кунед, магар он ки роҳгузар бошед. Ва агар бемор ё дар сафар будед, ё аз макони қазои ҳочат бозгаштаед, ё бо занон ҷимоъ кардаед ва об наёфтед, бо хоки пок таяммум кунед ва рую дастҳоятонро бо он хок масҳ кунед. Албатта Худо авфкунанда ва омурзанда аст!

  • 4:44

    Оё он касонеро, ки аз китоб баҳрае дода шудаанд, надидаӣ, ки гумроҳӣ мехаранд ва мехоҳанд, ки шумо низ гумроҳ шавед?

  • 4:45

    Худо душманони шуморо беҳтар мешиносад ва дӯстии Ӯ шуморо кифоят хоҳад кард ва ёрии Ӯ шуморо басанда аст.

  • 4:46

    Баъзе аз ҷуҳудон калимоти Худоро ба маънӣ дигаргун мекунанд ва мегӯянд: «Шунидем ва нофармонӣ мекунем ва бишнав ва кош ношунаво гардӣ ва «роъино». Ба луғати хеш забон мегардонанд ва ба дини ислом таъна мезананд. Агар мегуфтанд, ки шунидем ва итоъат кардем ва «Унзурно»", барояшон беҳтару басавобтар буд. Худо ононро ба сабаби куфрашон лаънат карда ва ҷуз андаке имон наёваранд.

  • 4:47

    Эй касоне, ки шуморо китоб дода шуда, ба китобе, ки нозил кардаем ва китоби шуморо низ тасдиқ мекунад, имон биёваред; пеш аз он ки нақши чеҳраҳоеро нест кунем ва рӯйҳоро ба қафо баргардонем. Ё ҳамчунон, ки асҳоби сабтро лаънат кардем, шуморо ҳам лаънат кунем. Ва фармони Худо шуданист!

  • 4:48

    Албатта Худо гуноҳи касонеро, ки ба Ӯ ширк оваранд, намебахшад ва гуноҳони дигарро барои ҳар кӣ бихоҳад, меомурзад. Ва ҳар кӣ ба Худо ширк оварад, дурӯғе сохта ва гуноҳе бузург муртакиб шудааст.

  • 4:49

    Оё ононро надидаӣ, ки худро поку беайб ҷилва медиҳанд? Оре, Худост, ки ҳар киро, ки хоҳад, аз айб пок гардонад. Ва ба ҳеҷ кас ҳатто ба қадри риштае, ки дар шикофи донаи хурмост, ситам нашавад.

  • 4:50

    Бингар, ки чӣ гуна ба Худо дурӯғ мебанданд ва ҳамин дурӯғ гуноҳе ошкорро басандааст.

  • 4:51

    Оё касонеро, ки насибе аз китоб дода шудаанд, надидаӣ, ки ба Ҷибту Тоғут имон меоваравд ва дар бораи кофирон мегӯянд, ки роҳи инон аз роҳи мӯъминон ба ҳидоят наздиктар аст?

  • 4:52

    Инон он касонанд, ки Худо лаънаташон кардааст; ва ҳар касро, ки Худо лаънат кунад, барои ӯ хеҷ ёваре наёбӣ!

  • 4:53

    Ё аз подшоҳӣ насибе бурдаанд, ки дар ин сурат ба қадри он пӯсти тунуке, ки бар пушти донаи хурмост, ба мардум суде намерасонанд?

  • 4:54

    Ё бар мардум ба хотири неъмате, ки Худо аз фазли хеш ба онон додааст, ҳасад мебаранд? Дар ҳоле, ки мо ба хонадони Иброҳим китобу ҳикмат додем ва фармонравоии бузург арзонӣ доштем.

  • 4:55

    Баъзе ба он имон оварданд ва баъзе аз он рӯй гардонданд. Дӯзах — он оташи афрӯхта онҳоро бас!

  • 4:56

    Ононро, ки ба оёти Мо кофир шуданд, ба оташ хоҳем андохт. Ҳар гоҳ пӯсти танашон бнпазад, пӯсте дигарашон диҳем, то азоби Худоро бичашанд. Худо пирӯзманду хаким аст!

  • 4:57

    Ва ононро, ки имон оварда ва корҳои некӯ кардаанд, ба биҳиштҳое, ки дар он наҳрҳо ҷорист, дароварем, то абад дар он ҷо хоханд буд. Ва дар он ҷо соҳиби занони поку беайб шаванд ва дар сояҳои пайваста ва хунук ҷояшон медиҳем.

  • 4:58

    Худо ба шумо фармон медиҳад, ки амонатҳоро ба соҳибонашон бозгардонед. Ва чун дар миёни мардум ба доварӣ нишинед, ба адл доварӣ кунед. Худо шуморо чӣ некӯ панд медиҳад. Албатта Ӯ шунаво ва биност!

  • 4:59

    Эй касоне, ки имон овардаед, Худоро итоъат кунед ва ба расул ва сардорони хеш фармон баред. Ва чун дар коре ихтилоф кардед, агар ба Худову рӯзи қиёмат имон доред, ба Худову паёмбар руҷӯъ кунед. Дар ин хайри шумост ва саранҷоме беҳтар дорад.

  • 4:60

    Оё ононро намебинӣ, ки мепиндоранд, ки ба он чӣ бар ту нозил шуда ва он чӣ пеш аз ту нозил шудааст, имон овардаанд, вале мехоҳанд, ки бутро довар қарор диҳанд, дар ҳоле ки ба онон гуфтаанд, ки бутро рад кунанд. Шайтон мехоҳад гумроҳашон созад ва аз ҳақ дур гардонад.

  • 4:61

    Ва чун онҳоро гӯянд, ки ба он чӣ Худо нозил карда ва ба паёмбараш рӯй оред, мунофиқонро мебинӣ, ки сахт аз ту рӯйгардон мешаванд.

  • 4:62

    Пас чӣ гуна аст, ки чун ба ҷазои корҳое, ки кардаанд, мусибате ба онҳо расад, назди ту меоянд ва ба Худо савганд мехӯранд, ки мо ҷуз эҳсону мувофиқат қасди дигаре надоштаем?

  • 4:63

    Худованд аз дилҳояшон огоҳ аст. Аз онон рӯйгардон шав ва пандашон бидеҳ ба чунон сахтӣ, ки дар вуҷудашон таъсир кунад!

  • 4:64

    Ҳеҷ паёмбареро нафиристодем, ҷуз он ки дигарон ба амри Худо бояд мутеъи фармони Ӯ шаванд. Ва агар ҳангоме, ки гуноҳе содир карданд, назди ту омада буданд ва аз Худо омурзиш хоста буданд ва паёмбар барояшон омурзиш хоста буд. Худоро тавбапазир ва меҳрубон меёфтанд.

  • 4:65

    На, савганд ба Парвардигорат, ки имон наёваранд, магар он, ки дар низоъе, ки миёни онҳост, туро довар қарор диҳанд ва аз ҳукме, ки ту медиҳӣ, ҳеҷ нохушнуд нашаванд ва саросар таслими он гарданд.

  • 4:66

    Ва агар ба онон фармон дода будем, ки худро бикушед ё аз хонаҳоятон берун равед, андаке аз онон фармон мебурданд. Ва ҳол он ки агар пандеро, ки ба онон дода шудааст, кор мебастанд, барояшон беҳтар ва бар асосе устувортар буд.

  • 4:67

    Он гоҳ аз ҷониби Худ ба онон музде бузург медодем,

  • 4:68

    ва ононро ба роҳи рост ҳидоят мекардем.

  • 4:69

    Ва ҳар кӣ аз Худову паёмбараш итоъат кунад, ҳамроҳ бо касоне хоҳад буд, ки Худо неъматашон додааст, чун анбиё ва сиддиқон ва шаҳидону солеҳон ва инҳо чӣ некӯ рафиқонанд!

  • 4:70

    Ин фазилатест аз ҷониби Худо ва басандааст Худой доно!

  • 4:71

    Эй касоне, ки имон овардаед, силоҳ бигиред ва он гоҳ ҳушёрона гурӯҳ-гурӯҳ, ё якбора ба ҷанг равед.

  • 4:72

    Ва аз миёни шумо касест, ки аз майдони ҷанг худдорӣ мекунад. Ва чун ба шумо балое расад, мегӯяд: «Худо дар хаққи ман чӣ некие кард, ки дар он рӯз ҳамроҳашон набудам».

  • 4:73

    Ва чун моле аз ҷониби Худо насибатон шавад, чунон ки гӯӣ миёнатон ҳеҷ гуна дӯстие набудааст, гӯяд; «Эй кош, ман низ бо онҳо мебудам ва ба фондае бузург даст меёфтам!»

  • 4:74

    Пас онон, ки зиндагии дунёро додаанд ва охиратро харидаанд, бояд ки дар роҳи Худо биҷанганд. Ва ҳар кӣ дар роҳи Худо биҷангад, чӣ кушта шавад. чӣ пирӯз гардад, музде бузург ба ӯ хоҳем дод.

  • 4:75

    Чаро дар роҳи Худо ва ба хотири мардону занон ва кӯдакони нотавоне, ки мегӯянд: «Эй Парвардигори мо, моро аз ин деҳаи ситамкорон берун ор ва аз ҷониби худ ёру мададгоре қарор деҳ», намеҷангед?

  • 4:76

    Онон, ки имон овардаанд, дар роҳи Худо меҷанганд ва онон, ки кофир шудаанд, дар роҳи шайтон. Пас бо ҳаводорони шайтон чанг кунед, ки макри шайтон ночиз аст!

  • 4:77

    Оё надидӣ касонеро, ки ба онҳо гуфта шуд, ки акнун аз ҷанг бозистед ва намоз бихонед ва закот бидиҳед, ки чун ҷангидан бар онон муқаррар шуд, гурӯҳе чунон аз мардум тарсиданд, ки бояд аз Худо метарсиданд? Ҳатто тарсе бештар аз тарси Худо. Ва гуфтанд: «Эй Парвардигори мо, чаро ҷангро бар мо воҷиб кардаӣ ва моро мӯҳлат намедиҳӣ, то ба марги худ, ки наздик аст, бимирем?» Бигӯ: «Ма- тоъи инҷаҳони андак аст ва охират аз они парҳезгорон аст ва ба шумо ҳатто ба қадри риштае, ки дар миёни донаи хурмост, ситам намешавад».

  • 4:78

    Дар ҷо, ки бошед, агарчӣ дар ҳисорҳои сахт устувор бошед, марг шуморо дармеёбад. Ва агар хайре ба онҳо расад, мегӯянд, ки аз ҷониби Худо буд ва агар шарре ба онҳо расад, мегӯянд, ки аз ҷониби ту буд. Бигӯ: «Ҳама аз ҷониби Худост». Чӣ бар сари ин қавм омадааст, ки ҳеҷ суханеро намефаҳманд?

  • 4:79

    Ҳар хайре, ки ба ту расад, аз ҷониби Худост ва ҳар шаре, ки ба ту расад, аз ҷониби худи туст. Туро ба пайғамбарӣ ба сӯи мардум фиристодем ва Худо ба шоҳидӣ кифоя аст.

  • 4:80

    Ҳар кӣ ба паёмбар итоъат кунад, ба Худо итоъат кардааст. Ва онҳое, ки рӯй гардонанд, пас Мо туро ба нигаҳбонии онҳо нафиристодаем.

  • 4:81

    Мегӯянд: «Фармонбардорем!» Ва чун аз назди ту берун шаванд, гурӯҳе аз онҳо ба шаб зндди он чӣ ту мегӯӣ, андешае дар дил мепарваранд. Ва Худо он чиро шаб дар хотир гирифтаанд, менависад. Пас, аз онҳо рӯй гардон ва бар Худой таваккал кун, ки Ӯ корсозиро кофист.

  • 4:82

    Оё дар Қуръон намеандешанд? Ҳар гоҳ аз суй ғайри Худо мебуд, дар он зиддияте бисёр меёфтанд.

  • 4:83

    Ва чун хабаре, чӣ эминӣ ва чӣ тарс ба онҳо расад, онро дар ҳама ҷо фош мекунанд. Ва ҳол он ки агар дар он ба паёмбар ва пешвоёнашон руҷӯъ мекарданд, ҳақиқати корро аз онок дармеёфтанд, Ва агар фазлу раҳмати Худо набуд, ҷуз акдаке ҳамагон ба шайтон пайравӣ мекардед.

  • 4:84

    Пас дар роҳи Худо ҷиҳод кун, ки ҷуз бар худат таклифшуда нестӣ ва мӯъминонро ба ҷанг барангез. Шояд Худо бадии кофиронро аз шумо боздорад ва хашму азоби Худо аз ҳар хашму азоби дигаре сахттар аст!

  • 4:85

    Ҳар кас дар кори неке миёнарав шавад, ӯро аз он насибест ва ҳар кас дар кори баде миёнарав шавад, ӯро аз он баҳраест. Ва Худо нигаҳбон бар ҳар чизест!

  • 4:86

    Чун шуморо ба дуруде салом доданд, ба дуруде беҳтар аз он ё монанди он ҷавоб гӯед. Албатта Худо ҳисобгари ҳар чизест!

  • 4:87

    Оллоҳ худоест, ки ҳеҷ худое ҷуз Ӯ нест. Ба таҳқиқ ҳамаи шуморо дар рӯзи қиёмат, ки ҳеҷ шакке дар он нест, гирд месварад ва чӣ касе аз Худо ба гуфтор ростгӯтар аст?

  • 4:88

    Чист шуморо, ки дар бораи мунофиқон ду гурӯҳ шудаед ва ҳол он ки Худо ононро ба сабаби кирдорашон ронда сохтааст? Оё мехоҳед касеро, ки Худо гумроҳ кардааст, ҳидоят кунед? Ва ту роҳе барои касе, ки Худованд гумроҳаш кардааст, натавонӣ ёфт!

  • 4:89

    Дӯст доранд ҳамчунон, ки худ ба роҳи куфр мераванд, шумо низ кофир шавед, то баробар гардед. Пас бо ҳеҷ як аз онон дӯстӣ макунед, то он гоҳ ки дар роҳи Худо муҳоҷират кунанд. Ва агар рӯй гардонанд, дар ҳар ҷо ки онҳоро биёбед, бигиреду бикушед ва ҳеҷ як аз онҳоро ба дӯстиву ёрӣ интихоб накунед.

  • 4:90

    Ғайри касоне, ки ба қавме, ки миёни шумо ва онҳо паимонест, мепайванданд ё худ назди шумо меоянд, дар ҳоле, ки аз ҷангидан бо шумо ё ҷангидан бо қавми худ малул шуда бошанд. Ва агар Худо мехост, бар шумо пирӯзашон месохт ва бо шумо ба ҷанг бармехостанд. Пас ҳар гоҳ канора гирифтанд ва бо шумо наҷангиданд ва ба шумо пешниҳоди сулҳ карданд, Худо ҳеҷ роҳе барои шумо бар зидди онҳо накушода аст.

  • 4:91

    Гурӯҳи дигареро хоҳед ёфт, ки мехоҳанд аз шумо ва қавми худ дар амон бошанд, инҳо хар гоҳ, ки ба куфр даъват шаванд, ба он бозгарданд. Пас агар худро ба каноре накашанд ва сулҳ накунанд ва аз аъмоли хеш бознаистанд, ононро ҳар ҷо, ки ёфтед, бигиреду бикушед, ки шуморо бар онон ҳуҷҷате ошкор додаем!

  • 4:92

    Ҳеҷ мӯъминеро нарасад, ки мӯъмини дигарро ҷуз ба хато бикушад. Ва ҳар кас, ки мӯьминеро ба хато бикушад, бояд ки бандае мӯъминро озод кунад ва хунбаҳояшро ба хонаводааш таслим кунад, магар он, ки хунбаҳоро бибахшанд. Ва агар кушташуда мӯъмин ва аз қавмест, ки душмани шумост, фақат бандаи мӯъминеро озод кунад ва агар аз қавмест, ки бо шумо паймон бастаанд, хунбаҳо ба хонаводааш пардохт шавад ва бандаи мӯъминеро озод кунад ва ҳар кас, ки бандае наёбад, барои тавба ду моҳ пай дар пай рӯза бигирад. Ва Худо донову ҳаким аст!

  • 4:93

    Ва ҳар мӯъминеро барқасд бикушад, ҷазои у ҷаҳаннам аст, ки дар он абадӣ хоҳад буд ва Худо бар ӯ хашм гирад ва лаънаташ кунад ва барояш азобе бузург омода созад!

  • 4:94

    Эй касоне, ки имон овардаед, чун барои ҷиҳод раҳсипор шавед, нек тафаҳҳус (санҷиш) кунед. Ва ба он кас, ки ба, р шумо салом гӯяд, магӯед, ки мӯъмин нести. Шумо бархӯрдорӣ аз зиндагии дунёро меҷӯед ва ҳол он ки ғаниматҳои бисёр назди Худост. Шумо пеш аз ин чунон будед, вале Худо бар шумо миннат ниҳод. Пас санҷиш кунед, ки Худо бар амалҳоятон огоҳ аст!

  • 4:95

    Мӯъминоне, ки бе ҳеҷ рангу осебе аз ҷанг сар метобанд, бо касоне, ки ба молу ҷони хеш дар роҳи Худо ҷиҳод мекунанд, баробар нестанд. Худо касонеро, ки ба молу ҷони хеш ҷиҳод мекунанд, бар онон, ки аз ҷанг сар метобанд, ба дараҷоте бартарӣ додааст. Ва Худо ҳамаро ваъдаҳои некӯ додааст. Ва ҷиҳодкунандагонро бар онҳо, ки аз ҷиҳод сар метобанд, ба музде бузург фазилат додааст.

  • 4:96

    Дараҷаҳое аз ҷониби Худо ва омурзишу раҳмате, ки Ӯ омурзанда ва меҳрубон аст!

  • 4:97

    Касоне ҳастанд, ки фариштагон ҷонашонро меситонанд, дар ҳоле ки бар хештан ситам карда буданд. Аз онҳо мепурсанд: «Дар чӣ коре будед?» Гӯянд: «Мо дар рӯи замин мардуме будем бечора». Фариштагон гӯянд: «Оё замини Худо паҳновар набуд, ки дар он муҳоҷират кунед?» Макони инҳо ҷаҳаннам аст ва саранҷомашон бад!

  • 4:98

    Ғайри мардону занон ва кӯдакони кори нотавоне, ки ҳеҷ чорае наёбанд ва ба ҳеҷ ҷо роҳ набаранд.

  • 4:99

    Шояд, ки Худояшон афв кунад, ки Худо афвкунандаву омурзанда аст!

  • 4:100

    Он кас, ки дар роҳи Худо тарки ватан кунад, дар рӯи замин бархӯрдориҳои бисёр ва кушоишҳо хоҳад ёфт. Ва ҳар кас, ки аз хонаи хеш берун ояд, то ба сӯи Худо ва расулаш ҳиҷрат кунад ва он гоҳ марг ӯро дарёбад, муздаш бар ӯҳдаи Худост ва Худо омурзандаву меҳрубон аст!

  • 4:101

    Ва чун дар замин сафар кунед, гуноҳе нест, ки агар бими он доштед, ки кофирон ба шумо зиён расонанд, намози хеш кутоҳ кунед. Зеро кофирон душмани ошкори шумо ҳастанд!

  • 4:102

    Ва чун ту дар миёнашон бошӣ ва барояшон намоз барпо кунӣ, бояд, ки гурӯҳе аз онҳо бо ту ба намоз биистанд ва силоҳҳои хеш бардоранд. Ва чун саҷда ба поён бурданд, баробари душман шаванд, то гурӯҳи дигар, ки намоз нахондаанд, биёянд ва бо ту намоз бихонанд. Онон низ ҳушёр бошанд ва силоҳҳои хеш бигиранд. Зеро кофирон дӯст доранд, ки шумо аз силоҳҳо ва матоъи худ ғофил шавед, то якбора бар шумо битозанд. Ва гуноҳе, содир накардаед, ҳар гоҳ аз борон дар ранҷ будед ё бемор будед, силоҳҳои худ бигзорэд, вале ҳушёрона дар фикри душман бошед. Албатта Худо барои кофирон азобе хсркунанда омода сохтааст!

  • 4:103

    Ва чун намозро ба поён бурдед, Худоро истода ё нишаста ва ё ба паҳлӯ хобида ёд кунед. Ва чуч аз душман эмин гаштед, намозро тамом адо кунед, ки намоз бар мӯъминон дар вақтҳои муайян воҷиб гашта аст.

  • 4:104

    Ва дар даст ёфтан ба он қавм (кофирон) сустӣ накунед. Агар шумо озор мебинед, онҳо низ чун шумо озор мебинанд, вале шумо аз Худо чизеро умед доред, ки онон умед надоранд. Ва Худо донову ҳаким аст!

  • 4:105

    Мо ин китобро ба ростӣ бар ту нозил кардем, то ба он чизе, ки Худо ба ту омӯхтааст, миёни мардум доварӣ кунӣ ва ба нафъи хоинон ба мухосамат (хусумат) бармахез!

  • 4:106

    Ва аз Худо бахшиш бихоҳ, ки Ӯ бахшанда ва меҳрубон аст.

  • 4:107

    Ва ба хотири касоне, ки ба худ хиёнат меварзанд, ҷонибдорӣ макун, ки Худо хоинони гӯнаҳкорро дӯст надорад.

  • 4:108

    Аз мардум пинҳон медоранд ва аз Худо пинҳон намедоранд, зеро он гоҳ ки шабҳангом суханоне, ки Худо аз он нохушнуд бувад, мегуфтанд, Худо бо онҳо буд ва Худо бар ҳар чӣ мекарданд, иҳота дошт. (яъне медонист).

  • 4:109

    Огоҳ бошед, ин шумоед, ки дар ин ҷаҳон аз онон сахт ҷонибдорӣ кардед, кист, ки дар рӯзи қиёмат аз онон дар баробари Худо ҷонибдорӣ кунад ё чӣ касе вакили онҳо хоҳад буд?

  • 4:110

    Ва ҳар кӣ коре нописанд кунад ё ба худ ситам раво дорад, он гоҳ аз Худо омурзиш хоҳад, Худоро омурзанда ва меҳрубон хоҳад ёфт.

  • 4:111

    Ва ҳар кӣ гуноҳе кунад, он гуноҳ ба зиёни худ кардааст ва Худо донову ҳаким аст?

  • 4:112

    Ва ҳар кӣ хато ё гуноҳе кунад, он гоҳ бегуноҳеро ба он муттаҳам созад, албатта бори тӯҳмату гуноҳе ошкорро бар дӯши худ гирифтааст.

  • 4:113

    Агар фазлу раҳмати Худо шомили ҳоли ту набуд, гурӯҳе аз кофирон қасди он доштанд, ки туро гумроҳ кунанд, вале онон ҷуз худро гумроҳ накунанд ва хеҷ зиёне ба ту нарасонанд. Ва Худо бар ту китобу ҳикмат нозил кард ва чизҳое ба ту омӯхт, ки аз ин пеш намедонистӣ ва лутфи Худо бар ту бузург аст!.

  • 4:114

    Дар бисёре аз машваратҳои пинҳониашон фоидае нест, ғайри суханони онон, ки ба садақа додан ё некӣ кардан ва ё оштиҷӯӣ фармон медиҳанд. Ва он касро, ки барои хушнудии Худо чунин кунад, музди бузурге хоҳем дод.

  • 4:115

    Ҳар кӣ пас аз ошкор шудани роҳи ҳидоят бо паёмбар мухолифат варзад ва аз роҳе ғайри роҳи мӯъминон пайравӣ кунад, ба он сӯе, ки писанди ӯст, бигардонем ва ба ҷаҳаннамаш партоем. Ва ҷаҳанрам саранҷоми бадест!

  • 4:116

    Худо касеро, ки барои ӯ шарике қарор диҳад, намебахшад ва ҷуз он ҳар гуноҳеро барои ҳар кӣ хоҳад, мебахшад. Ва ҳар кас, ки барои Худо шарике қарор диҳад, сахт ба гумроҳӣ афтодаст.

  • 4:117

    Намепарастанд ғайри Оллоҳ магар бутҳоро ва намехонанд ғайри Оллоҳ магар шайтоне саркашро.

  • 4:118

    Худояш лаънат кард. Ва шайтон гуфт: «Гурӯҳе муайян аз бандагонатро ба фармони хеш мегирам.

  • 4:119

    Ва албатта гумроҳашон мекунам ва орзуҳои ботил дар дилашон меафканам ва ба онон фармон медиҳам то гушҳои чорпоёнро бишикофанд. Ва ба онон фармон медиҳам, то хилқати Худоро дигаргун созанд». Ва ҳар кас, ки ба ҷои Худо шайтонро ба дӯстӣ қабул кунад, зиёне ошкор кардааст!

  • 4:120

    Ба онҳо ваъда медиҳад ва ба орзушон меафканад ва шайтон онҳоро ғайри ба фиреб ваъда надиҳад!

  • 4:121

    Маконашон дар ҷаҳаннам аст ва дар он ҷо роҳи гурезе нахоҳанд ёфт!

  • 4:122

    Ва касонеро, ки имон овардаанд ва корҳои некӯ кардаанд, ба биҳиштҳое медароварем, ки дар он наҳрҳо равон аст ва дар он ҷо ҷовидонанд. Ваъдаи барҳаққи Худованд аст ва чӣ касе аз Ӯ ростгӯйтар аст?

  • 4:123

    На мувофиқи муроди шумост ва на музофиқи муроди аҳли китоб, ки ҳар кас, кн содиркунандаи кори баде шавад, ҷазояшро бубинад ва ғайри Худо барон худ дӯсту ёваре наёбад.

  • 4:124

    Ва ҳар кас, ки кори шоистае кунад, чӣ зан ва чӣ мард, агар мӯъмин бошад, ба биҳишт меравад ва ба қадри он пӯсте, ки бар пушти донаи хурмост, ба кас ситам намешавад.

  • 4:125

    Дини чӣ касс беҳтар аз дини касест, ки ба ихлос рӯй ба ҷониби Худо кард ва некӯкор буд ва аз дини ҳанифи Иброҳим пайравӣ кард? Ва Худо Иброҳимро ба дӯстии худ баргузид (гирифт).

  • 4:126

    Аз они Худост ҳар чӣ дар осмонҳову замин аст ва Худо бар ҳар чизе бо илмаш иҳота дорад.

  • 4:127

    Аз ту дар бораи занон фатво мехоҳанд, бигӯ: «Худо дар бораи онон ба он чӣ дар ин китоб бар шумо хонда мешавад, фатво додааст. Ин фатво дар боби онҳо ва занони падармурдаест, ки хаққи муқаррарашонро намепардозед ва мехоҳед онҳоро ба никоҳи худ дароваред ва низ дар боби кӯдакони нотавон аст. Ва бояд, ки дар бораи ятимон ба адолат рафтор кунед ва ҳар кори неке, ки анҷом медиҳед, Худо ба он огоҳ аст.

  • 4:128

    Агар зане дарёфт, ки шавҳараш бо ӯ бемеҳр ва аз ӯ безор шудааст, боке нест, ки ҳар ду дар миёни худ тарҳи оштӣ афкананд, ки оштӣ беҳтар аст. Ва бахиливу мумсиқӣ бар нафсҳои мардум ғалаба дорад. Ва агар некӣ ва парҳезгорӣ кунед, Худо ба ҳар чӣ мекунед, огоҳ аст!

  • 4:129

    Ҳарчанд бикушед, ҳаргиз натавонед, ки дар миёни занон ба адолат рафтор кунед. Лекин якбора ба сӯи яке майл накунед то дигареро саргашта раҳо карда бошед. Агар аз дари оштӣ дароед ва парҳезгорӣ кунед, Худо омурзанда ва меҳрубон аст!

  • 4:130

    Ва агар он ду аз якдигар ҷудо шаванд. Худо ҳар дуро ба камоли фазли хеш бениёз созад, ки Худо кушоишдиҳанда ва ҳаким аст!

  • 4:131

    Аз они Худост он чӣ дар осмонҳо ва замин аст. Ва албатта аҳли китобро, ки пеш аз шумо буданд ва низ шуморо супориш кардем, ки аз Худо битарсед, агар ҳам куфр варзед, боз ҳам он чӣ дар осмонҳо ва он чӣ дар замин аст, аз они Худост ва Ӯст бениёз ва лоиқи ситоиш!

  • 4:132

    Ва аз они Худост он чӣ дар осмонҳо ва замин аст ва Худо корсозиро кофист!

  • 4:133

    Эй мардум, агар Ӯ бихоҳад, ҳамаи шуморо аз миён мебарад ва мардуме дигарро меоварад, ки Худо бар ин кор қодир аст!

  • 4:134

    Ҳар кас, ки савоби инҷаҳониро металабад, бидонад, ки савоби инҷаҳониву онҷаҳонӣ дар назди Худост. Ва Ӯ шунаво ва биност!

  • 4:135

    Эй касоне, ки имон овардаед, ба адолат фармонраво бошед ва барои Худо шоҳидӣ диҳед, ҳарчанд ба зиёни худ ё падару модар ё хешовандони шумо — чӣ тавонгар ва чӣ дарвеш бошад. Зеро Худо ба он ду сазовортар аст. Пас ба ҳавои нафс паправӣ макунед, то аз шаҳодати ҳақ рӯй гардонед. Чӣ забонбозӣ кунед ё аз он рӯй тобед, Худо ба ҳар чӣ мекунед, огоҳ аст!

  • 4:136

    Эй касоне, ки имон овардаед, ба Худову паёмбараш ва ин китоб, ки бар паёмбараш нозил карда ва он китоб, ки пеш аз он нозил карда, ба ҳақиқат имон биёваред. Ва ҳар кӣ ба Худову фариштагонаш ва китобҳояш ва паёмбаронаш ва ба рӯзи қиёмат кофир шавад, сахт дар гумроҳӣ афтодааст.

  • 4:137

    Албатта Худованд ононро, ки имон овардаанд, сипас кофир шуданд ва боз имон оварданд, сипас кофир шуданд ва ба куфри хеш афзуданд, нахоҳад бахшид ва ба роҳи рост ҳидоят нахоҳад кард.

  • 4:138

    Мунофиқонро хабар деҳ, ки азобе дардовар барояшон омода шудаст,

  • 4:139

    касоне, ки ба ҷои мӯъминон кофиронро ба дӯстӣ мегиранд, оё иззату тавоноиро назди онон меҷӯянд, дар ҳоле, ки иззат ба тамомӣ аз они Худост?

  • 4:140

    Ва аз ин пеш, дар ин китоб бар шумо нозил кардаем, ки чун шунидед, касоне оёти Худоро инкор мекунанд па онро ба масхара мегиранд, бо онҳо манишинед, то он гоҳ, ки ба сухане дигар пардозанд. Вагарна шумо низ ҳамонанди онҳо хоҳед буд. Ва Худо ҳамаи мунофиқону кофиронро дар ҷаҳаннам гирд меоварад.

  • 4:141

    Касоне, ки ҳамеша интизори шумо ҳастанд, пас агар аз ҷониби Худо пирӯзӣ насибашон шавад, мегӯянд: «Магар мо хамроҳи шумо набудем?» Ва агар пирӯзӣ насиби кофирон шавад, мегӯянд: «Оё чунин: набуд, ки бар шумо ғалаба ёфта будем ва мӯъминонро аз осеб расонидан ба шумо боздоштем?» Дар рӯзи қиёмат Худо миёни шумо ҳукм мекунад ва Ӯ ҳаргиз барои кофирон ба зиёни мусалмонон роҳе накушодааст.

  • 4:142

    Мунофикон Худоро фиреб медиҳанд ва ҳол он ки Худо онҳоро фиреб медиҳад. Ва чун ба намоз бархезанд, бо сустӣ бархезанд ва барои худнамоӣ намоз кунанд ва дар намоз, ҷуз андаке, Худоро ёд накунанд.

  • 4:143

    Саргаштагони миёни куфру имонанд: на бо инҳо ва на бо онҳо. Он кӣ Худо гумроҳаш кунад, ҳеҷ роҳе барои ӯ нахоҳӣ ёфт.

  • 4:144

    Эй касоне, ки имон овардаед, ба ҷои мӯъминон кофиронро ба дӯстӣ магиред. Оё коре мекунед, ки барои Худо ба зиёни худ хуҷҷате ошкор эчод кунед?

  • 4:145

    Албатта мунофиқон дар поёнтарин табақоти оташ ҳастанд ва ҳаргиз барояшон ёваре намеёбӣ,

  • 4:146

    ғайри онҳо, ки тавба кардаанд ва худро ислоҳ карданд ва ба Худо тавассул ҷӯстаанд ва барои Худо аз рӯи ихлос ба дин гаравидаанд. Инҳо дар зумраи мӯъминонанд ва Худо ба мӯъминон савобе азим хоҳад дод!

  • 4:147

    Чаро Худо шуморо азоб кунад, агар сипосгузор бошед ва имон оваред? Дар ҳоле ки шукрпазир ва доност!

  • 4:148

    Худо баланд кардани садоро ба бадгӯӣ дӯст надорад, магар аз он кас, ки ба ӯ ситаме шуда бошад ва Худо шунаво ва доност!

  • 4:149

    Агар кори некеро ба ошкор анҷом диҳед ё ба пинҳон, ё кирдоре нописандро даргузаред. Худо афвкунанда ва тавоност!

  • 4:150

    Касоне ҳастанд, ки ба Худо ва паёмбаронаш кофир мешаванд ва мехоҳанд миёни Худову паёмбаронаш ҷудоӣ афкананд ва мегӯянд, ки баъзеро мепазирем ва баъзеро намепазирем ва мехоҳанд дар мобайни куфру имон роҳ гиред.

  • 4:151

    Инҳо дар хақиқат кофиронанд ва мо барои кофирон азобе хоркунанда омода сохтаем.

  • 4:152

    Ва касоне, ки ба Худо ва паёмбаронаш имон овардаанд ва. миёни паёмбаронаш ҷудоӣ наандохтаанд, савобашонро Худо хоҳад дод ва Худо омурзандаву меҳрубон аст.

  • 4:153

    Аҳли китоб аз ту мехоҳанд, ки барояшон китобе аз осмон нозил кунӣ. Инҳо бузургтар аз инро аз Мӯсо талаб карданд ва гуфтанд: «Худоро ба ошкор ба мо нишон деҳ». Ба сабаби ин сухани куфромезашон оташак онҳоро фурӯ гирифт. Ба пас аз он ки мӯъҷизаҳое барояшоя омада буд, гӯсолаеро ба худоӣ гирифтанд ва Мо ононро бахшидем ва Мӯсоро мӯъҷизае ошкор додем.

  • 4:154

    Ва ба хотири паймоне, ки бо онҳо баста будем, кӯҳи Турро бар болои сарашон бидоштем ва гуфтем: «Саҷдакунон аз он дар дохил шавед ва дар рӯзи шанбе аз ҳад нагузаред». Ва аз онҳо паймоне сахт гирифтем.

  • 4:155

    Пас ба сабаби паймон шикастанашон ва кофир шуданашон ба оёти Худо ва ба ноҳақ куштани паёмбарон ва ин, ки гуфтанд: «Дилҳои мо бастааст». Худо бар дилҳояшон мӯҳр ниҳодааст ва ғайри андаке имон намеоваранд

  • 4:156

    ва низ ба сабаби куфрашон ва он тӯҳмати бузург, ки ба Марям заданд

  • 4:157

    ва низ ба он сабаб, ки гуфтанд; Мо Масеҳ — писари Марям -- паёмбари Худоро куштем». Ва ҳол он, ки онон Масеҳро накуштанд ва бар дор накарданд, балки кор барояшон монанд шуд. Албатта онҳо, ки дар бораи ӯ ихтилоф мекарданд, худ дар шакку шубҳа буданд ва ба он яқин надоштанд. Танҳо пайрави гумони худ буданд ва Исоро ба яқин накушта буданд,

  • 4:158

    балки Худованд ӯро ба назди худ боло бурд. ки Худо пирӯзманду ҳаким аст!

  • 4:159

    Ва ҳеҷ як аз аҳли китоб нест, магар он ки пеш аз маргаш ба ӯ имон оварад ва Исо дар рӯзи қиёмат ба имонашон гувоҳӣ хоҳад дод

  • 4:160

    ва ба ҷазои ситаме, ки яҳудон раво доштанд ва манъ кардани бисёрашон аз роҳи Худо, он чизҳои покизаро, ки бар онон ҳалол буд, ҳаром кардем.

  • 4:161

    Ва низ ба сабаби рибохорияшон ва ҳол он ки аз он манъ шуда буданд ва хӯрдани молҳои мардумро ба ботил. Ва мо барои кофиронашон азобе дардовар муҳайё кардаем.

  • 4:162

    Вале донишмандонашон ва он мӯъминонеро, ки ба он чӣ бар ту ва ба он чӣ пеш аз ту нозил шуда, имон доранд ва намозгузорону закотдиҳандагон ва мӯъминон ба Худову рӯзи қиёматро аҷри бузурге хоҳем дод!

  • 4:163

    Мо ба ту ваҳй кардем, ҳамчунон ки ба Нӯҳ ва паёмбарони баъд аз ӯ ваҳй кардаем ва ба Иброҳиму Исмоил ва Исҳоқу Яъқуб ва наберагони Яъқуб ва Исо ва Айюб ва Юнус ва Ҳорун ва Сулаймон ваҳй кардаем ва ба Довуд «Забур»-ро арзонӣ доштем.

  • 4:164

    Ва паёмбароне, ки пеш аз ин достонҳояшонро барои ту гуфтаем ва онон, ки достонҳояшонро барои ту нагуфтаем. Ва Худо бо Мӯсо сухан гуфт, сухан гуфтане бевосита.

  • 4:165

    Паёмбароне муждадиҳанда ва бимдиҳанда, то аз он пас мардумро бар Худо ҳуҷҷате набошад ва Худо пирӯзманду ҳаким аст!

  • 4:166

    Вале Худо ба он чӣ бар ту нозил кард, шоҳидӣ медиҳад, ки ба илми худ нозил кардааст ва фариштагон низ шоҳидӣ медиҳанд ва Худо шоҳидиро басанда аст!

  • 4:167

    Албатта онон, ки кофир шудаанд ва аз роҳи Худо рӯй гардонидаанд, сахт ба гумроҳӣ афтоданд.

  • 4:168

    Касонеро, ки кофир шудаанд ва ситам кардаанд, Худованд намебахшад ва ба ҳеҷ роҳе ҳидоят намекунад,

  • 4:169

    магар ба роҳи ҷаҳаннам, ки абадӣ дар он бошанд! Ва ин кор бар Худо осон аст.

  • 4:170

    Эй мардум, паёмбаре ба ҳақ аз ҷониби Худо бар шумо фиристода шуд, пас ба ӯ имон биёваред, ки хайри шумо дар он аст. Ва агар ҳам кофир шавед, аз они Худост ҳар чӣ дар осмонҳову замин аст. Ва Ӯ донову ҳаким аст!

  • 4:171

    Эй аҳли китоб, дар дини хеш аз ҳад нагузаред ва дар бораи Худо ҷуз сухани ҳақ магӯед. Албатта Исо — писари Марям, паёмбари Худо ва калимаи Ӯ буд, ки ба Марямаш афканд ва рӯҳе аз Ӯ буд. Пас ба Худо ва паёмбарокаш имон биёваред ва магӯед, ки се аст. Аз ин андешаҳо бозистед, ки хайри шумо дар он хоҳад буд. Ҷуз ин нест, ки Оллоҳ худоест якто. Пок аст аз ин, ки соҳиби фарзанде бошад. Аз они Ӯст он чӣ дар осмонҳову замин аст ва Худо корсозиро кофист!

  • 4:172

    Масеҳ нанг надошт, ки яке аз бандагони Худо бошад ва малоикаи муқарраб низ нанг надоранд. Ҳар кӣ аз парастиши Худованд рӯй гардонад, ва саркашӣ кунад, бидонад, ки Худо ҳамаро дар назди худ маҳшур (ҳамсӯҳбат) хоҳад сохт.

  • 4:173

    Аммо онон, ки имон овардаанд ва корҳои нек кардаанд, муздашонро ба тамомӣ хоҳад дод ва аз фазли хеш бар он хоҳад афзуд. Аммо касонеро, ки ибову саркашӣ кардаанд, ба азобе дардовар азоб хоҳад кард ва барои худ ҷуз Худо ҳеҷ дӯсту ёваре нахоҳанд ёфт.

  • 4:174

    Эй мардум, аз ҷониби Парвардигоратон бар шумо хуҷҷате омад ва барои шумо нуре ошкор нозил кардаем.

  • 4:175

    Аммо ононро, ки ба Худо имон овардаанд ва ба Ӯ тавассул ҷустаанд, ба остони фазлу раҳмати хеш дароварад ва ба роҳе рост ҳидоят кунад.

  • 4:176

    Аз ту фатво мехоҳанд, бигӯй, ки Худо дар бораи калола бароятон фатво медиҳад: Ҳар гоҳ марде, ки фарзанде надошта бошад, бимирад ва ӯро хоҳаре бошад, ба он хоҳар нисфи мероси ӯ мерасад. Агар хоҳарро низ фарзанде набошад, бародар аз ӯ мерос мебарад. Агар он хоҳарон ду тан буданд, ду сеяки дороиро мерос мебаранд. Ва агар чанд бародару хоҳар буданд, ҳар мард баробари ду зан мебарад. Худо барои шумо баён мекунад то гумроҳ нашавед ва Ӯ аз ҳар чизе огоҳ аст!

Paylaş
Tweet'le