41 FUSSİLET

  • 41:1

    Ҳо, мим.

  • 41:2

    Китобест, ки аз ҷониби Он бахшояндаи меҳрубон нозил шудааст.

  • 41:3

    Китобест, ки ояҳояш ба тафсилу фаҳмо баён шуда, Қуръонест ба забони арабӣ барои мардуме, ки медонанд.

  • 41:4

    Ҳам муждадиҳанда аст ва ҳам бимдиҳанда. Бештарашон аз он эъроз кардаанд (рӯй гардондаанд) ва сухан намешунаванд.

  • 41:5

    Гуфтанд: «Дилҳои мо аз он чӣ моро ба он даъват мекунӣ, дар парда аст ва гӯшҳоямон сангин аст ва миёни мову ту ҳиҷобест. Ту ба кори худ пардоз ва мо низ ба кори худ мепардозем».

  • 41:6

    Бигӯ: «Ман инсоне ҳастам ҳамонанди шумо. Ба ман ваҳй шуда, ки худоятон Худоест якто. Пас ба ӯ рӯй оваред ва аз Ӯ бахшоиш бихоҳед. Ва вой бар мушрикон:

  • 41:7

    онҳое, ки закот намедиҳанд ва ба охират имон надоранд.

  • 41:8

    Ононро, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста мекунанд, подошест (мукофотест) тамомношуданӣ».

  • 41:9

    Бигӯ: «Оё ба касе, ки заминро дар ду рӯз офаридааст, кофир мешавед ва барои Ӯ шарикҳо қарор медиҳед? Ӯст Парвардигори ҷаҳониён!

  • 41:10

    Бар рӯи замин кӯҳҳо падид овард ва онро пурбаракат сохт ва ризқи ҳамаро муъайян кард дар чаҳор рӯз яксон барои ҳамаи пурсандагон.

  • 41:11

    Сипас ба осмон пардохт ва он дуде буд. Пас ба осмону замин гуфт: «Хоҳ ё нохоҳ биёед». Гуфтанд: «Фармонбардор омадем».

  • 41:12

    Он гоҳ ҳафт осмонро дар ду рӯз офарид. Ва дар ҳар осмоне корашро ба он ваҳй кард. Ва осмони дунёро ба чароғҳое биёростем ва ҳифзаш кардем. Ин аст тадбири Он ғолиби доно».

  • 41:13

    Пас агар рӯй гардонанд, бигӯ: «Шуморо аз раъду барқе ҳамонанди раъду барқе, ки бар Оду Самуд фуруд омад, метарсонам.

  • 41:14

    Он гоҳ ки расулони пеш ва баъди онҳо навдашон омаданд ва гуфтанд, ки ғайри Худои якторо мапарастед, гуфтанд: «Агар Парвардигори мо мехост, фариштагонро аз осмон мефаровард. Мо ба он чӣ шумо бо он фиристода шудаед, имон намеоварем».

  • 41:15

    Аммо қавми Од ба ноҳақ дар, рӯи замин гарданкашӣ карданд ва гуфтанд: «Чӣ касе аз мо боқувват тар аст?» Оё намедиданд, ки Худое, ки онҳоро офаридааст, аз онҳо бо қувваттар аст, ки оёти Моро инкор мекарданд?

  • 41:16

    Мо низ боде сахту ғуррон дар рӯзҳое шум бар сарашон фиристодем, то дар дунё азоби хориро ба онҳо бичашонем. Ва азоби охират хоркунандатар аст ва касе ба ёриашон барнахезад!

  • 41:17

    Аммо қавми Самуд, ҳидояташон кардем. Ва онҳо куриро аз ҳидоят бештар дӯст медоштанд, то он ки ба хотири амалҳое, ки мекарданд, соъиқаи азоби хоркунанда онҳоро фурӯ гирифт.

  • 41:18

    Ва Мо касонеро, ки имон оварда буданд ва парҳезгор буданд, наҷот додем.

  • 41:19

    Ва рӯзе, ки душманони Худоро гирд оваранд ва ба саф биронандашон,

  • 41:20

    чун ба канори оташ оянд, гӯшу чашмҳо ва пӯстҳошон ба амалҳое, ки кардаанд, бар зиддашон шоҳидӣ диҳанд.

  • 41:21

    Ба пӯстҳои худ гӯянд: «Чаро бар зидди мо шоҳидӣ додед?» Гӯянд: «Он Худое, ки ҳар чизеро ба сухан меоварад ва шуморо нахустин бор биёфарид ва ба Ӯ бозгашт меёбед, моро ба сухан овардааст».

  • 41:22

    Аз ин ки гӯшу чашмҳо ва пӯстҳоятон ба зиёни шумо шоҳидӣ диҳанд, чизе ниҳон намедоштед, балки мепиндоштед, ки Худо бар бисёре аз корҳое, ки мекунед, огоҳ нест.

  • 41:23

    Ва ин буд гумоне, ки ба Парвардигоратон доштед. Ҳалокатон кард ва дар шумори зиёнкардагон даромадед.

  • 41:24

    Пас агар сабр кунанд, ҷойгоҳашон дар оташ аст ва агар ҳам толиби афв шаванд, касе онҳоро афв накунад.

  • 41:25

    Ба барояшон ҳамдамоне муқаррар кардем ва онон ҳолу ояндаро дар назарашон биёростанд. Ва бар онҳо низ монанди пешиниёнашон аз ҷинну инс азоб муқаррар шуд. Зеро зиёнкор буданд.

  • 41:26

    Кофирон гуфтанд: «Ба ин Қуръон гӯш мадиҳед ва сухани беҳуда ба он биёмезед, шояд пирӯз гардед!»

  • 41:27

    Кофиронро азобе сахт мечашонем ва бадтар аз он чӣ мекардаанд, подош медиҳем.

  • 41:28

    Ин аст кайфари (ҷазои) душманони Худо оташ. Дар даруни он хонае ҳамешагӣ доранд. Ин ҷазои онҳост, зеро оёти Моро инкор мекарданд.

  • 41:29

    Кофирон гӯянд: «Эй Парвардигори мо, он ду танро аз ҷинну инс, ки моро гумроҳ карданд, ба мо бинамоён, то пой бар сари онҳо ниҳем, то аз мо пасттар (поёнтар) раванд!»

  • 41:30

    Бар онон, ки гуфтанд: «Парвардигори мю Оллоҳ аст» ва пойдорӣ кардаанд, фариштагон фуруд меоянд, ки метарсед ва ғамгин набошед, шуморо ба биҳиште, ки ба шумо ваъда дода шуда, хушхабар аст.

  • 41:31

    Мо дар дунё дӯстони шумо будем ва низ дар охират дӯстдори шумоем. Дар биҳишт ҳар чӣ дилатон бихоҳад ва ҳар чӣ талаб кунед, бароятон фароҳам аст.

  • 41:32

    Меҳмоннавозист аз ҷониби Худои бахшояндаи меҳрубон.

  • 41:33

    Чӣ касеро сухан некӯтар аз сухани он, ки ба сӯи Худо даъват мекунад ва корҳои шоиста мекунад ва мегӯяд, албатта, ки ман аз мусалмононам?

  • 41:34

    Хубиву бадӣ баробар нестанд. Ҳамеша ба некӯтарин тарзе ҷавоб деҳ, то касе, ки миёни туву ӯ душманӣ аст, чун дӯсти меҳрубони ту гардад.

  • 41:35

    Бархурдор нашаванд аз ин ғайри касоне, ки босабр бошанд ва касоне, ки аз имон баҳрае бузург дошта бошанд.

  • 41:36

    Ва агар аз ҷониби шайтон гирифтори васвасае гардӣ, ба Худо паноҳ бибар, ки Ӯ шунавову доност!

  • 41:37

    Ва аз нишонаҳои қудрати Ӯ шабу рӯз ва офтобу моҳ аст. Ба офтобу моҳ саҷда макунед. Ба Худои якто, ки онҳоро офаридааст, саҷда кунед, агар Ӯро мепарастед!

  • 41:38

    Агар онон такаббур меварзанд, онҳо, ки дар назди Парвардигори ту ҳастанд, бе он ки малул шаданд шабу рӯз тасбеҳи Ӯ мегӯянд (Саҷда)

  • 41:39

    Ва аз оёти қудрати Ӯ он, ки ту заминро хушк мебинӣ. Чун об бар он бифиристем, ба ҷунбиш ояд ва гиёҳ бирӯёнад. Он кас, ки онро зинда мекунад, зиндакунандаи мурдагон аст, ки Ӯ бар ҳар чизе тавоност!

  • 41:40

    Касоне, ки дар оёти Мо роҳи ботил пеш мегиранд, бар Мо пӯшида нестанд. Оё он ки ба оташ афканда мешавад, беҳтар аст ё он ки рӯзи қиёмат бе ҳеҷ ваҳшате меояд? Ҳарчи мехоҳед бикунед, Ӯ ба корҳоятон биност!

  • 41:41

    Ба ҷазои худ расанд онон, ки ба Қуръон, ки барои ҳидояташон омадааст, имон намеоваранд, ҳол он ки китобе арҷманд аст.

  • 41:42

    На аз пеши рӯй ботил ба ӯ роҳ ёбад ва на аз пас. Нозилшуда аз ҷониби Худованде ҳакиму сутуданист. (лоиқи шукру сипос аст).

  • 41:43

    Ҳар чӣ дар бораи ту мегӯянд, дар бораи паёмбарони пеш аз ту низ гуфтаанд. Албатта Парвардигори ту ҳам бахшоянда аст ва ҳам соҳиби уқубатест дардовар!

  • 41:44

    Агар Қуръонро ба забони Аҷам мефиристодем, мегуфтанд: «Чаро оёташ ба равшанӣ баён нашудааст? Китобе ба забони Аҷам ва паёмбаре араб?» Бигӯ: «Ин китоб барои онҳо, ки имон оварданд, ҳидоят ва шифост ва онҳо, ки имон наоварданд, гӯшҳояшон сангин аст ва чашмонашон кӯр аст, чунонанд, ки гӯи онҳоро аз ҷое дур садо мекунанд.

  • 41:45

    Мӯсоро китоб додем, аммо дар он ихтилоф карданд. Ва агар он сухане, ки Парвардигорат аз пеш гуфта буд, намебуд миёнашон кор ба поён меомад. Ва, албатта, ҳанӯз ба сахтӣ дар шубҳаанд.

  • 41:46

    Ҳар кас, ки коре шоиста кунад, ба фоидаи худи ӯст ва ҳар кӣ бад кунад, ба зиёни ӯст. Ва Парвардигори ту ба бандагон зулм раво намедорад.

  • 41:47

    Илм ба рӯзи қиёмат назди Ӯст. Ва ҳар мевае аз ғилофи худ берун меояд ва ҳар модае ҳомиладор мешаваду мезояд, албатта ки Ӯ ба он огоҳ аст. Ва он рӯз, ки онҳоро нидо диҳад, ки шарикони Ман куҷоянд? Гӯянд: Огоҳат кардем, ки касе аз мо ба ширк гувоҳӣ намедиҳад!

  • 41:48

    Ва он чиро пеш аз ин ба, худоӣ мехонданд, аз даст доданд ва донистанд, ки роҳи гурезе надоранд.

  • 41:49

    Одами ҳар чӣ талаби хайр кунад, хаста намешавад, аммо чун бадӣ ба ӯ бирасад, бадандешу ноумед мегардад.

  • 41:50

    Агар пас аз ранҷе, ки ба ӯ расида, раҳмате ба ӯ бичашонем, мегӯяд: «Ин ҳаққи ман аст ва напиндорам, ки қиёмате барпо шавад. Ва агар ҳам маро назди Парвардигорам баргардонанд, албатта, ки назди Ӯ ҳолате хуштар бошад». Пас кофиронро ба амалҳое, ки кардаанд, огоҳ мекунем ва ба онҳо азобе сахт мечашонем.

  • 41:51

    Чун ба одами неъмате ато кунем, рӯйгардон мешавад ва ба такаббур гардан боло мекунад. Ва агар ба ӯ бадие бирасад, бисёр фарёду фиғон мекунад.

  • 41:52

    Бигӯ: «Чӣ мебинед?» Агар ин китоб аз ҷониби Худост ва шумо ба он имон намеоваред, гумроҳтар аз касе, ки ҳамчунон роҳи мухолифат (зиддият) дар пеш гирифтааст, кист?

  • 41:53

    Ба зудӣ, оёти қудрати Худро дар атрофи олам ва дар вуҷуди худашон ба онҳо нишон хоҳем дод, то барояшон ошкор шавад, ки, Ӯ ҳақ аст. Оё ин ки Парвардигори ту дар ҳама ҷо ҳозир аст, кофӣ нест?

  • 41:54

    Баҳуш (огоҳ) бош, ки онҳо аз дидори Парвардигорашон дар шубҳаанд. Баҳуш бош, ки Ӯ бар ҳар чизе иҳота дорад.

Paylaş
Tweet'le