46 AHKAF

  • 46:1

    Ҳо, мим.

  • 46:2

    Нозил шудани ин китоб аз ҷониби Худои ғолибу ҳаким аст.

  • 46:3

    Мо осмонҳову замин ва он чиро, ки дар миёни он дӯст, ба ҳак, ва то муддате муъайян офаридаем. Ва кофирон аз он чӣ онҳоро метарсонанд, рӯй мегардонанд.

  • 46:4

    Бигӯ: «Аз онҳое, ки ғайри Оллоҳ ба худоӣ мехонед, хабар диҳед. Ба ман нишон диҳед, ки аз ин замин чӣ чизро офаридаанд? Ё дар хилқати (офаридани) осмонҳо ширкатдоштаанд? Агар рост мегӯед, барои ман китобе, ки пеш аз ин Қуръон омада бошад ё агар донише аз пешиниён мондааст, биёваред!

  • 46:5

    Ва кист гумроҳтар аз он, ки ба ҷои Оллоҳ чизеро ба худои мехонад, ки то рӯзи қиёмат ба ӯ ҷавоб намедиҳад, ва бутон аз дуъои бутпарастон бехабаранд.

  • 46:6

    Ва чун дар қиёмат мардумро ҷамъ оранд, бутон бо парастандагони худ душман бошанд ва аз ибодаташон мункиранд.

  • 46:7

    Чун оёти Мо ба равшанӣ ба онон хонда шавад, кофирон ҳақиқатеро, ки барояшон нозил шудааст, гӯянд: «Ҷодуии ошкор аст».

  • 46:8

    Ё мегӯянд: «Ин китоб дурӯғест, ки худ бофтааст!» Бигӯ: «Агар ман онро чун дурӯғе ба ҳам бофта бошам, шумо наметавонед хашми Худоро аз ман боздоред. Худо аз он таънаҳо, ки ба он мезанед, огоҳтар аст. Ва шоҳидии Ӯ миёни ману шумо кофист. Ва Ӯст бахшояндаву меҳрубон!»

  • 46:9

    Бигӯ: «Ман аз миёни дигар паёмбарон навомада (аввалин) нестам ва намедонам, ки бар ман ё бар шумо чӣ хоҳад шуд. Ман ба чизе ғайри он чӣ ба ман ваҳй мешавад, пайравӣ намекунам ва ман фақат бимдиҳандае ошкор ҳастам».

  • 46:10

    Бигӯ: «Чӣ мекунед, агар Қуръон аз ҷониби Худо бошад ва шумо ба он имон наёваред? Яке аз банӣ-Исроил ба он шоҳидӣ дод ва имон овард. Вале шумо гарданкашӣ мекунед. Худо мардуми ситамкорро ҳидоят намекунад!»

  • 46:11

    Кофирон мӯъминонро гуфтанд: «Агар дар он хайре мебуд, инҳо аз мо пештар қабул намекарданд». Ва чун ба он роҳ наёфтанд, хоҳанд гуфт, ки ин дурӯғе дерина аст.

  • 46:12

    Ва пеш аз он китоби Мӯсо роҳнамову раҳмат буд. Ва ин китобест тасдиқкунандаи он ба забони арабӣ то ситамкоронро биме ва некӯкоронро хушхабаре бошад.

  • 46:13

    Албатта онон, ки гуфтанд, ки Парвардигори мо Оллоҳ аст, ва сипас пойдорӣ карданд, биме бар онҳо нест ва андӯҳгин намешаванд.

  • 46:14

    Инҳо ба мукофоти амалҳояшон аҳли биҳиштанд ва дар он ҷо ҷовидонаанд.

  • 46:15

    Одамиро ба некӣ кардан бо падару модари худ супориш кардем. Модараш бори ӯро ба душворӣ бардошт ва ба душворӣ бар замин ниҳод. Ва муддати ҳамл то аз шир бозгирифтанаш сӣ моҳ аст то чун ба синни ҷавонӣ расад ва ба чиҳилсолагӣ дарояд, гӯяд: «Эй Парвардигори ман, ба ман биёмӯз то шукри неъмате, ки бар ман ва бар падару модарам ато кардаӣ, ба он ҷой орам. Коре шоиста бикунам, ки Ту аз он хушнуд шавӣ ва фарзандони маро солеҳ кун. Ман ба Ту бозгаштам ва аз таслимшудагонам».

  • 46:16

    Инҳо касоне ҳастанд, ки корҳои некашонро мепазирем ва аз гуноҳашон дармегузарем. Дар зумраи аҳли биҳиштанд. Ҳар ваъдае, ки ба онҳо дода шуда, рост аст.

  • 46:17

    Ва он ки ба падару модараш гуфт: «Уф бар шумо, оё ба ман ваъда медиҳед, ки аз гӯрам бархезонанд ва ҳол он ки мардуме пеш аз ман будаанд, ки барнахостаанд? Ва он ду ба даргоҳи Худо истиғоса (додхоҳӣ) мекунанд ва, гӯянд: «Вой бар ту, имон биёвар, ки ваъдаи Худо ҳақ аст!» Мегӯяд: «Инҳо чизе ҷуз ҳамон афсонаи пешиниён нест!»

  • 46:18

    Дар бораи инҳо ҳамон сухан, ки дар бораи умматҳои пешин аз ҷинну инс гуфта шуда буд, ба ҳақиқат мепайвандад. Инҳо зиёнкунандагонанд.

  • 46:19

    Ва ҳар якро нисбат ба коре, ки кардааст, дараҷаҳост, то Худо ҷазои корҳояшонро ба тамомӣ бидиҳад ва ба он он ситам намешавад.

  • 46:20

    Ва рӯзе, ки кофиронро бар оташ арза кунанд: дар зиндагии дунявӣ аз чизҳои покиза ва хуш баҳраманд шудед, имрӯз ба азоби хори ҷазоятон медиҳанд. Ва ин ба он сабаб аст, ки дар замин бе ҳеҷ ҳаққе такаббурӣ мекардед ва бадкорӣ пеш гирифта будед,

  • 46:21

    Бародари қавми Одро ба ёд биёвар, ки чун қавми худро дар Аҳқоф бим дод — ва пеш аз ӯ паёмбароне буданд ва рафтанду пас аз ӯ паёмбароне омаданд, — ки ғайри Худои якторо напарастед, ки ман аз азоби рӯзе бузург бар шумо метарсам.

  • 46:22

    Гуфтанд: «Оё омадаӣ, то моро аз худоёнамон рӯйгардон созӣ? Агар рост мегӯӣ, ҳар чӣ ба мо ваъда додаӣ, биёвар».

  • 46:23

    Гуфт: «Инро Худо медонад ва ман он чиро ба он фиристода шудаам, ба шумо мерасонам. Вале мебинам, ки мардуме нодон ҳастед».

  • 46:24

    Чун абре диданд, ки аз ҷониби рӯдхонаҳошон меояд, гуфтанд: «Ин абре боронзост». На ин ҳамон чизест, ки онро ба шитоб металабидед. Бод аст ва дар он бод азобе дардовар,

  • 46:25

    ба фармони Парвардигораш ҳама чизро ҳалок мекунад. Чунон шуданд, ки акнун фақат хонаҳояшонро бинӣ. Ва Мо муҷримонро (гунаҳгоронро) ин тавр ҷазо медиҳем.

  • 46:26

    Ва онҳо чунон тавону қудрат дода будем, ки ба шумо надидаем. Барояшон гӯшу чашму дил қарор додем. Вале гӯшу чашму дилашон ба ҳолашон ҳеҷ фоида накард, зеро оёти Худоро инкор мекарданд, то он азобе, ки ба масхарааш мегирифтанд, онҳоро фурӯ шрифт.

  • 46:27

    Мо ҳамаи қарияҳоеро (деҳаҳоеро), ки атрофи шумо будаанд, ҳалок кардаем ва оётро гуногун баён кардем, шояд, ки бозгарданд.

  • 46:28

    Пас чаро он худоёне, ки ғайри Оллоҳ барои наздикӣ ба худоӣ гирифта буданд, ёрияшон накарданд, балки аз назарашон гум шуданд? Ия аст дурӯғу бофтаҳояшон!

  • 46:29

    Ва гурӯҳе аз ҷинро назди ту равона кардем, то Қуръонро бишнаванд. Чун ба ҳазраташ (наздаш) расиданд, гуфтанд: «Гӯш андозед! Чун ба поён омад, монанди бимдиҳандагоне назди қавми худ бозгаштанд,

  • 46:30

    Гуфтанд: «Эй қавми мо, мо китобе шунидем, ки баъд аз Мӯсо нозил шуда, китобҳои пешинро тасдиқ мекунад ва ба ҳақ ва роҳи рост роҳ менамояд,

  • 46:31

    Эй қавми мо, ин даъваткунанда ба Худоро қабул кунед ва ба ӯ имон биёваред, то Худо гуноҳонатонро бибахшояд ва шуморо аз азобе дардовар дар амон дорад.

  • 46:32

    Ва ҳар касе, ки ба ин даъваткунанда ҷавоб нагӯяд, наметавонад, дар рӯи замин аз Худо бигурезад ва ӯро ғайри Худо ҳеҷ ёваре нест ва дар гумроҳии ошкорест!»

  • 46:33

    Оё намебинанд, ки Худо яктост, он ки осмонҳову заминро биёфарид ва дар офаридани онҳо дарнамонд. Ӯ метавонад мурдагонро зинда кунад. Бале, Ӯ бар ҳар коре тавоност!

  • 46:34

    Рӯзе, ки кофирон ба оташ арза шаванд... Оё ин ҳақиқат нест? Гӯянд: «Бале, ба Парвардигорамон савганд!» Гӯяд: «Ба хотири он ки кофир будед, инак азобро бичашед!»

  • 46:35

    Пас пойдорӣ кун, ҳамчунон ки паёмбарони улулазм (боазм) пойдорӣ карда буданд, Ва дар уқубаташон шитоб макун. Он рӯз, ки он ваъдаеро, ки ба онҳо дода шуда, бингаранд, пиндоранд, ки ҷуз ба қадри соъате аз рӯз дар гӯр намонда буданд. Ин расонидани пайғом аст. Оё ҷуз нофармонон ба ҳалокат мерасанд?

Paylaş
Tweet'le