49 HUCURAT

  • 49:1

    Эй касоне, ки имон овардаед, бар Худову паёмбари Ӯ пешдастӣ макунед ва аз Худо битарсед, зеро Худо шунавову доност!

  • 49:2

    Эй касоне, ки имон овардаед, садои худро аз садои паёмбар баландтар накунед ва ҳамчунон, ки бо якдигар баланд сухан мегӯед, бо ӯ ба овози баланд сухан нагӯед, ки амалҳоятон ночиз шавад ва шумо огоҳ нашавед.

  • 49:3

    Касоне, ки дар назди паёмбари Худо садояшонро поин меоваранд, ҳамонҳоянд, ки Худо дилҳояшонро ба такво озмуда аст. Онҳоро бахшоишу музди бисёр аст.

  • 49:4

    Онҳое, ки аз он сӯи ҳуҷраҳо туро нидо медиҳанд, бештар бехирадонанд.

  • 49:5

    Агар сабр, мекарданд, то ту худ берун меомадӣ ва назди онҳо мерафтӣ, барояшон беҳтар мебуд ва Худо бахшояндаи меҳрубон аст!

  • 49:6

    Эй касоне, ки имон овардаед, агар фосиқе бароятон хабаре овард, таҳқиқ кунед, мабод аз рӯи нодонӣ ба мардуме осеб (ранҷ) бирасонед, он гоҳ, аз коре, ки кардаед, пушаймон шавед.

  • 49:7

    Ва бидонед, ки паёмбари Худо дар миёни шумост. Агар дар бисёре аз корҳо аз шумо фармон бибарад, ба ранҷ меафтед. Вале Худо имонро маҳбуби шумо сохт ва онро дар дилатон биорост ва куфру фисқу нофармониро дар назаратон бад гардонид. Инҳо худ роҳёфтагонанд.

  • 49:8

    Бахшишу неъматест аз ҷониби Худо ва Худо донову ҳаким аст!

  • 49:9

    Ва агар ду гурӯҳ аз мӯъминон бо якдигар ба чанг бархостанд, миёнашон оштӣ андозед. Ва агар як гурӯҳ бар дигаре даст дарозӣ кард, бо он ки даст дарозӣ кардааст, биҷангед, то ба фармони Худо бозгардад. Пас агар бозгашт, миёнашон сулҳе одилона барқарор кунед ва адолат кунед, ки Худо одилонро дӯст дорад,

  • 49:10

    Ҳар оина (Албатта) мӯъминон бародаронанд. Миёни бародаронатон оштӣ андозед ва аз Худо битарсед, шояд, ки бар шумо раҳмат орад.

  • 49:11

    Эй касоне, ки имон овардаед, мабод, ки гурӯҳе аз мардон гурӯҳи дигарро масхара кунад, шояд он масхарашудагон беҳтар аз онҳо бошанд. Ва мабод, ки гурӯҳе аз занон гурӯҳи дигарро масхара кунад, шояд он масхарашудагон беҳтар аз онҳо бошанд. Ва аз ҳам айбчӯй макунед ва якдигарро ба лақабҳои зишт махонед. Бад аст унвони фисқ пас аз имон овардан. Ва касоне, ки тавба намекунанд, худ ситамкоронанд.

  • 49:12

    Эй касоне, ки имон овардаед, аз бисёре аз гумонҳо бипарҳезед. Зеро баъзе аз гумонҳо дар ҳадди гуноҳ аст. Ва дар корҳои пинҳонии якдигар ҷосусӣ макунед. Ва аз якдигар ғайбат макунед. Оё ҳеҷ як аз шумо дӯст дорад, ки гӯшти бародари мурдаи худро бихӯрад? Пас онро нохуш хоҳед дошт. Ва аз Худо битарсед, зеро Худо тавбапазиру меҳрубон аст!

  • 49:13

    Эй мардум, мо шуморо аз як марду як зан биёфаридем. Ва шуморо ҷамоъатҳо ва қабилаҳо кардем, то якдигарро бишиносед. Албатта гиромитарини шумо назди Худо парҳезгортарини шумост. Худо донову кордон аст!

  • 49:14

    Аъроби бодиянишин гуфтанд: «Имон овардем!» Бигӯ: «Имон наёва. рдаед. Бигӯед, ки таслим шудаем ва ҳанӯз имон дар дилҳоятон дохил нашудааст. Ва агар Худову паёмбарашро итоъат кунед, аз савоби амалҳои шумо кам карда намешавад, зеро Худо бахшояндаву меҳрубон аст».

  • 49:15

    Мӯьминон касоне ҳастанд, ки ба Худову паёмбари Ӯ имон овардаанд ва дигар шак накардаанд ва бо молу ҷони худ дар роҳи Худо ҷиҳод кардаанд. Инҳо ростгӯёнанд.

  • 49:16

    Бигӯ: «Оё мехоҳед Худоро аз диндории худ огоҳ кунед? Ҳол он ки Худо аз ҳар чӣ дар осмонҳову ҳар чӣ дар замин аст, огоҳ аст ва Ӯ ба ҳар чизе олим аст!»

  • 49:17

    Аз ин ки ислом овардаанд, бар ту миннат мекунанд. Бигӯ: «Ба хотири исломатон бар ман миннат мекунед, балки Худо ба он сабаб, ки шуморо ба имон роҳ намудааст, бар шумо миннат мениҳад, агар рост мегӯед!»

  • 49:18

    Албатта Худо ниҳони осмонҳову заминро медонад ва ба ҳар коре, ки мекунед, биност!

Paylaş
Tweet'le