52 TUR

  • 52:1

    Қасам ба кӯҳи Тур

  • 52:2

    ва қасам ба китоби навишташуда,

  • 52:3

    дар сафҳае кушода (Қуръон)

  • 52:4

    ва қасам ба байтулмаъмур

  • 52:5

    ва қасам ба ин, сақфи барафрошта (осмон)

  • 52:6

    ва қасам ба дарёи моломол, (пур)

  • 52:7

    ки азоби Парвардигорат воқеъ шуданист.

  • 52:8

    Ва онро дафъкунандае нест.

  • 52:9

    Рӯзе, ки осмон сахт бичархад

  • 52:10

    ва кӯҳҳо ба шитоб равон шаванд,

  • 52:11

    пас дар он рӯз вой бар дурӯғбарорандагон,

  • 52:12

    онон, ки саргарми кордон ботили худанд!

  • 52:13

    Рӯзе, ки онҳоро ба қаҳр ба ҷониби ҷаҳаннам кашанд.

  • 52:14

    Ин аст он оташе, ки дурӯғаш мешумурдед.

  • 52:15

    Оё ин ҷодуст ё шумо намебинед?

  • 52:16

    Ба оташ дароед. Хоҳ бар он сабр кунед ё сабр накунад, фарқе накунад. Шуморо дар баробари корҳое, ки мекардаед, ҷазо медиҳанд.

  • 52:17

    Парҳезгорон дар биҳиштҳо ва неъматанд.

  • 52:18

    Аз он чӣ Парвардигорашон ба онҳо додааст, шодмонанд ва Худо онҳоро аз азоби ҷаҳаннам нигаҳ доштааст.

  • 52:19

    Ба музди корҳое, ки кардаед, бихӯреду биёшомед. Гувороятон бод.

  • 52:20

    Бар он тахтҳои канори ҳам чида такя мезананд. Ҳуриёнро ҳамсарашон мегардонем.

  • 52:21

    Касоне, ки худ имон оварданд ва фарзандонашон дар имон пайравияшон карданд. Фарзандонашонро бо онҳо якҷоя мекунем ва аз музди амалашон ҳеҷ кам намекунем, ки дар касе дар гарави кори худ аст.

  • 52:22

    Ва пайваста аз ҳар гуна, ки бихоҳанд, меваву гӯшт атояшон мекунем.

  • 52:23

    Дар он ҷо ҷоми май диҳанд ва ҷоми май ситонанд, ки дар он на сухани беҳуда бошад ва на гуноҳ кардан.

  • 52:24

    Ғуломонашон чун марвориди пинҳон дар садаф ба гирдашон мечарханд.

  • 52:25

    Пурсишкунон рӯй ба якдигар мекунанд.

  • 52:26

    Мегӯянд: «Пеш аз ин дар миёни касонамон танҳо мо аз Худо метарсидем.

  • 52:27

    Пас Худо бар мо миннат ниҳод ва моро аз азоби самум нигаҳ дошт.

  • 52:28

    Мо пеш аз ин Ӯро (бо дуъову илтиҷо) мехондем, ки Ӯ эҳсонкунандаву меҳрубон аст!»

  • 52:29

    Пандашон деҳ, ки ту ба баракати неъмати Парвардигорат на коҳин (ҷодугар) ҳастиву на маҷнун.

  • 52:30

    Ё мегӯянд: «Шоиресту мо барои вай мунтазири ҳаводиси рӯзгорем». (ки шояд бимирад).

  • 52:31

    Бигӯ: «Шумо мунтазир бимонед, ки ман низ бо шумо интизор мекашам».

  • 52:32

    Оё ононро рӯъёҳояшон (хобҳояшон) ба ин пиндорҳо кашонида ё худ, мардуме саркаш ҳастанд.

  • 52:33

    Ё мегӯянд: «Қуръонро худ сохтааст!» На, онҳо имон намеоваранд!

  • 52:34

    Агар рост мегӯянд, сухане монанди он биёваранд.

  • 52:35

    Оё бе ҳеҷ холиқе офарида шуданд, ё худ холиқи худанд?

  • 52:36

    Ё осмонҳову заминро ҳал кардаанд? На, ба яқин нарасидаанд.

  • 52:37

    Ё хазинаҳои Парвардигорат назди онҳост? Ё бар чизе тасаллут ёфтаанд? (ҳукумат ёфтаанд).

  • 52:38

    Ё нардбоне доранд, ки аз он боло мераванд ва гӯш меандозанд? Пас он касе, ки гӯш андохта бошад, ҳуҷҷате ошкор биёварад.

  • 52:39

    Ё худовандро духтарон асту шуморо писарон.

  • 52:40

    Ё аз онҳо музде металабӣ ва пардохти музд бар онҳо душвор аст?

  • 52:41

    Ё илми ғайб медонанду менависанд?

  • 52:42

    Ё мехоҳанд ҳилае кунанд? Аммо кофирон худ ба ҳила гирифторанд.

  • 52:43

    ё онҳоро худоест ғайри Худои якто? Пок аст Худои якто аз ҳар чӣ шарикаш месозанд.

  • 52:44

    Агар бингаранд, ки қитъае аз осмон фурӯ меафтад, мегӯянд: «Абрест мутароким (қабат-қабат ҷамъшуда)».

  • 52:45

    Пас онҳоро вогузор, то рӯзеро, ки дар оя ба ҳалокат мерасанд, бингаранд,

  • 52:46

    рӯзе, ки макрашон ҳеҷ ба ҳолашон фоидае накунад ва кас ба ёрияшон барнахезад.

  • 52:47

    Барои касоне, ки зулм мекунанд, боз ҳам азобест ғайри ин азоб, вале бештаринашон намедонанд.

  • 52:48

    Дар баробари фармони Парвардигорат босабр бош, ки ту таҳти назари Моӣ! Ва ҳангоме ки бархостӣ, ба ситоиши Парвардигорат тасбеҳ гӯй!

  • 52:49

    Ва тасбҳ гӯй дар қисме аз шаб ва ба ҳангоми нопадид шудани ситорагон,

Paylaş
Tweet'le