57 HADİD

  • 57:1

    Худовандро тасбеҳ мегӯянд, ҳар чӣ дар осмонҳову замин аст ва Ӯ ғолибу ҳаким аст!

  • 57:2

    Фарманравоии осмонҳову замин аз они Ӯст. Зинда мекунад ва мемиронад ва бар ҳар чиз тавоност.

  • 57:3

    Ӯст аввалу охир ва зоҳиру ботия ва Ӯ ба ҳар чизе доност!

  • 57:4

    Ӯст, ки осмонҳову заминро дар шаш рӯз офарид. Сипас ба арш пардохт. Ҳар чиро дар замин фурӯ равад ва ҳар чиро аз замин борун ояд ва ҳар чиро аз осмон фуруд ояд ва ҳар чиро ба осмон боло равад, медонад. Ва ҳар ҷо, ки бошед, ҳамроҳи шумост ва ба ҳар коре, ки мекунед, биност!

  • 57:5

    Фармонравоии оомонҳову замин аз они Ӯст ва ҳамаи корҳо ба Худо бозмегардад.

  • 57:6

    Аз шаб мекоҳад (кӯтоҳ кунад) ва ба рӯз меафзояд ва аз рӯз мехоҳад ва ба шаб меафзояд. Ва ба ҳар чӣ дар дилҳо мегузарад, огоҳ аст.

  • 57:7

    Ба Худову паёмбараш имон биёваред ва аз он мол, ки ба варосат (мерос) ба шумо расоядааст, инфоқ (садақа) кунед. Аз миёни шумо ҳар киро имон оварда ва инфоқ карда, музде фаровонаш диҳанд.

  • 57:8

    Чист шуморо, ки ба Худо имон намеоваред ва ҳол он ки паёмбар шуморо даъват мекунад, ки ба Парвардигоратон имон биёваред ва агар бовар доред, аз шумо паймон гирифтааст?

  • 57:9

    Ӯст он Худое, ки бар бандаи худ оёти, равшанро нозил мекунад, то шуморо аз торикӣ ба рӯшноӣ оварад. Зеро Худо ба шумо мушфиқу меҳрубон аст.

  • 57:10

    Ва чаро дар роҳи Худо инфоқ намекунед ва ҳол он ки, аз они Худост мероси осмонҳову замин? Аз миёни шумо инҳо, ки пеш аз фатҳ инфоқ карда ва ба ҷанг рафта бо онон, ки баъд аз фатҳ инфоқ кардаанд ва ба ҷанг рафтаанд, баробар нестанд, Дараҷати онон болотар аст. Ва Худо ба ҳама ваъдаи нек медиҳад. Ва ба ҳар коре, ки мекунед, огоҳ аст.

  • 57:11

    Кист, ки Худоро қарзулҳасана (дар роҳи Худо садақа) диҳад, то барои ӯ дучандонаш кунад ва ӯро мукофоте некӯ бошад?

  • 57:12

    Рӯзе, ки мардони мӯъмину занонимӯъминро бубинӣ, ки нурашон пешопеш ва дар самти росташон меравад. Дар он рӯз башорататон (хушхабаратон) ба биҳиштҳоест, ки дар он, наҳрҳо равон аст ва дар он ҷовид хоҳед монд ва ин комёбии бузургест.

  • 57:13

    Рӯзе, ки мардони мунофиқу занони мунофиқ ба касоне, ки имон овардаанд, мегӯянд: «Ба мо нигоҳ кунед, то аз нуратон фурӯғе гирем!» Гӯянд: «Ба дунё бозгардед ва аз он ҷо нур биталабед!» Миёнашон деворе бароваранд, ки бар он девор даре бошад, даруни он раҳмат бошаду беруни он азоб.

  • 57:14

    Ва онҳоро нидо диҳанд, ки оё мо бо, шумо ҳамроҳ набудем? Мегӯянд: «Бале, аммо шумо худатонро дар бало афкандед ва ба интизор нишастед ва дар шак будед ва орзуҳо шуморо бифирефт, то он гоҳ ки фармони Худо даррасид ва шайтон ба Худо фиребатон кард.

  • 57:15

    Ва имрӯз на аз шумо фидяе (ҷаримае) пазиранд ва на аз кофирон. Ҷойгоҳатон оташ аст. Оташ сазовори шумост ва бад саранҷомест!»

  • 57:16

    Оё мӯъминонро вақти он нарасидааст, ки дилҳояшон дар баробарӣ ёди Худо ва сухани ҳақ, ки нозил шудааст, хошеъ (моил, мутеъ, ҳозир) шавад? Монанди он мардуме набошанд, ки пеш аз ин китобашон додем ва чун муддате баромад, дилҳояшон сахт шуд ва бисёре нофармон шуданд.

  • 57:17

    Бидонед, ки Худо заминро пас аз мурданаш зинда мекунад. Мо оётро бароятон ба равшанӣ баён кардем, бошад, ки ба ақл дарёбед!

  • 57:18

    Худо ба мардони садақадиҳанда ва занони садақадиҳандае, ки ба Худо қарзулҳасана медиҳанд, дучандон музд медиҳад ва низ онҳоро аҷре некӯст.

  • 57:19

    Касоне, ки ба Худову паёмбараш имон овардаанд, ростгӯёну росткоронанд. Ва шаҳидон дар назди Парвардигорашон ҳастанд. Соҳиби музду нури худанд. Ва онҳо, ки кофиранд ва оёти Моро дурӯғ мебароранд, дар ҷаҳаннаманд.

  • 57:20

    Бидонед, ки зиндагии инҷаҳонӣ бозича аст ва беҳудагиву ороиш ва фахр кардану афзунҷӯӣ дар молҳову авлод монанди бороне бавақт аст, ки рӯиданиҳояш кофиронро ба шигифт афканад (хурсанд, кунад). Сипас пажмурда мешавад ва бинӣ, ки зард гаштааст ва хошок шудааст. Ва дар охират насиби гурӯҳе азоби сахт аст ва нисбати гурӯҳе бахшоиши Худо ва хушнудии Ӯ. Ва зиндагии дунё фақат матоъе фиребанда аст.

  • 57:21

    Барои расидан ба бахшоиши Парвардигоратон ва биҳиште, ки паҳнои он монанди паҳнои осмонҳову замин аст, бар якдигар пешӣ гиред (мусобиқа). Ин биҳишт барои касоне, ки ба Худову паёмбаронаш имон овардаанд, муҳайё шудааст. Ин бахшоишест аз ҷониби Худо, ки ба ҳар кӣ мехоҳад, онро ато мекунад, ва Худо соҳиби бахшоише бузург аст.

  • 57:22

    Ҳар мусибате ба мол ё ба ҷонатон расад албатта пеш аз он ки биёфаринемаш, дар китобе навишта шудааст. Ва ин бар Худо осон аст!

  • 57:23

    То бар он чӣ аз дастатон меравад, андӯҳгин набошед ва ба он чӣ ба дастатон меояд, шодмонӣ накунед. Ва Худо ҳеҷ мутакаббири худситояндаро дӯст надорад.

  • 57:24

    онон, ки бахилӣ мекунанд ва мардумро ба бухл вомедоранд. Ва ҳар кӣ рӯйгардон мешавад, бидонад, ки Худо беҳоҷату сутуданист. (васф карданист).

  • 57:25

    Мо паёмбаронамонро бо далелҳои равшан фиристодем ва бо онҳо китобу тарозуро низ возил кардем, то мардум, ба адолат амал кунанд. Ва оҳанро, ки дар он нерӯе сахт ва фоидаҳое барои мардум аст, фурӯд овардем то Худо бидонад чӣ касе ба нодида Ӯ ва паёмбаронашро ёрӣ мекунад. Зеро Худо тавонову ғолиб аст!

  • 57:26

    Мо Нӯҳу Иброҳимро ба пайғамбарӣ фиристодем ва дар миёни фарзандонашон нубувват ва китоб ниҳодем. Баъзеяшон ҳидоятёфтагон, буданд, вале бештаринашон нофармонон.

  • 57:27

    Сипас паёмбаронамонро пас аз онҳо фиристодем. Ва Исо бинни Марямро аз паи онҳо равона кардем ва ба ӯ Инҷилро додем ва дар дили пайравонаш раъфату (шафқату) раҳмат ниҳодем. Ва руҳбонияте (узлат; гӯшанншинӣ), ки ба бидъат овардаанд, Мо бар онҳо муқаррар накардаем, аммодар он хушнудии Худо меҷӯстанд, вале ҳаққи, онро ба ҷо нагузориданд. Мо аз он миён ба касоне, ки имон оварда буданд, мукофот додем, вале бештаринашон нофармон буданд.

  • 57:28

    Эй касоне, ки имон овардаед, аз Худо битарсед ва ба паёмбараш имон биёваред, то шуморо аз раҳмати худ ду бор музд бидиҳад. Ва шуморо нуре ато кунад, ки дар рӯшноии он роҳ биҷӯед ва шуморо бибахшояд, ки Худо бахшояндаи меҳрубон аст,

  • 57:29

    то аҳли китоб бидонанд, ки ба бахшоиши Худованд ҳеҷ дастрасӣ надоранд ва ин бахшоиш ба дасти Ӯст, ки ба ҳар кӣ хоҳад ато мекунад ва Худоро бахшоише азим аст!

Paylaş
Tweet'le