61 SAFF

  • 61:1

    Худоро тасбеҳ гӯянд ҳар чӣ дар осмошҳову дар замин аст ва Ӯст пирӯзманду ҳаким!

  • 61:2

    Эй касоне, ки имон овардаед, чаро суханоне мегӯед, ки иҷро намекунед?

  • 61:3

    Худованд сахт ба хашм меояд, ки чизе бигӯеду ба ҷой наёваред.

  • 61:4

    Худо дӯст дорад касонеро, ки дар роҳи Ӯ саф кашида монанди деворе, ки хиштҳояшонро ба ҳам пайванд дода бошанд, меҷанганд.

  • 61:5

    Ва Мӯсо ба қавми худ гуфт: «Эй қавми ман, чаро маро меозоред, ҳол он ки медонед, ки ман паёмбари Худо бар шумо ҳастам?» Чун аз ҳақ рӯйгардон шуданд, Худо низ дилҳошонро аз ҳақ бигардонид. Ва Худо мардуми нофармонро ҳидоят намекунад.

  • 61:6

    Ва Исо бинни Марям гуфт: «Эй банӣ-Исроил, ман паёмбари Худо бар шумо ҳастам. Тавротеро, ки пеш аз ман будааст, тасдиқ мекунам ва ба паёмбаре, ки баъд аз ман меояд ва номаш Аҳмад аст, хушхабаратон медиҳам». Чун он паёмбар бо мӯъҷизаҳои равшан омад, гуфтанд: Ин ҷодуест ошкор!»

  • 61:7

    Кист золимтар аз он кас, ки ба Худо дурӯғ мебандад, дар ҳоле ки ӯро ба ислом даъйат мекунанд? Ва Худо ситамкоронро ҳидоят намекунад.

  • 61:8

    Мехоҳанд нури Худоро ба даҳонҳояшон хомӯш кунанд, вале Худо комилкунандаи нури худ аст, агарчи кофиронро нохуш ояд.

  • 61:9

    Ӯст он Худое, ки паёмбари Худро ҳамроҳ бо ҳидоят ва дини ростин бифиристод, то ӯро бар ҳамаи динҳо ғолиб гардонад, дарчанд мушриконро нохуш ояд.

  • 61:10

    Эй касоне, ки имон овардаед, оё шуморо ба тиҷорате, ки аз азоби дардовар раҳоиятон диҳад, роҳ нишон диҳам?

  • 61:11

    Ба Худову паёмбараш имон биёваред ва дар роҳи Худо бо молу ҷони худ ҷиҳод кунед. Ва ин барои шумо беҳтар аст, агар доно бошед.

  • 61:12

    Гуноҳони шуморо мебахшояд ва ба биҳиштҳое, ки дарунаш наҳрҳо ҷорист ва низ хонаҳое хушу покиза дар биҳиштҳои ҷовид дохил мекунад ва ин пирӯзии бузургест.

  • 61:13

    Ва неъмате дигар, ки дӯсташ доред: нусратест (ёриест) аз ҷониби Худованд ва пирӯзии наздик мӯъминонро хабари хуш деҳ.

  • 61:14

    Эй касоне, ки имон овардаед, ёварони Худо бошед, ҳамчунон ки Исо бинни Марям ба ҳавориён (ёварон) гуфт: «Чӣ касоне ёварони ман дар роҳи Худоянд?» Ҳавориён гуфтанд: «Мо ёварони Худо ҳастем». Пас гурӯҳе аз банӣ-Исроил имон оварданд ва гурӯҳе кофир шуданд. Мо касонеро, ки имон оварда буданд, бар зидди душманонашон мадад кардем, то ғолиб шуданд.

Paylaş
Tweet'le