76 İNSAN

  • 76:1

    Дар ҳақиқат бар инсон муддате аз замон гузашт ва ӯ чизе зикршуда набуд.

  • 76:2

    Мо одамиро аз нутфае омехта биёфаридем, то ӯро имтиҳон кунем. Ва шунавову бинояш сохтаем.

  • 76:3

    Роҳро ба ӯ нишон додаем. Ё шукргузор бошад ё ношукр.

  • 76:4

    Мо барои кофирон занҷирҳову ғулҳо ва оташи афрӯхта омода кардаем.

  • 76:5

    Некон аз ҷомҳое менӯшанд, ки омехта ба кофур аст,

  • 76:6

    чашмае, ки бандагони Худо аз он менушанд ва онро ба ҳар ҷое, ки мехоҳанд, равон месозанд.

  • 76:7

    Ба назр вафо мекунанд ва аз рӯзе, ки шарри он ҳама ҷоро гирифтааст, метарсанд.

  • 76:8

    Ва таъомро дар ҳоле, худ дӯсташ доранд, ба мискину ятим ва асир мехӯронанд,

  • 76:9

    шуморо фақат барои Худо таъом медиҳем ва аз шумо на музде мехоҳем на шукре.

  • 76:10

    Мо аз Парвардигори худ метарсем, дар рӯзе, ки он рӯз рӯйҳо турш мешавад ва тарснок аст.

  • 76:11

    Худо онҳоро аз бадии он рӯз нигаҳ дошт ва ононро таровату шодмонӣ бахшид,

  • 76:12

    Ба мукофоти сабре, ки кардаанд, биҳишту ҳарир дод.

  • 76:13

    Дар он ҷо бар тахтҳо такя задаанд на ҳеҷ офтобе мебинанд ва на хунукии сахте.

  • 76:14

    Сояҳои дарахтонаш бар сарашон афтода ва меваҳояш ба фармонашон бошад.

  • 76:15

    Косаҳои нуқрагину кӯзаҳои шароб миёнашон ба гардиш дармеояд.

  • 76:16

    Кӯзаҳое аз нуқра, ки онҳоро ба андоза пур кардаанд.

  • 76:17

    Дар он ҷо ҷоме бинӯшонандашон, ки омехта бо занҷабил бошад,

  • 76:18

    аз чашмае, ки онро салсабил мегӯянд.

  • 76:19

    Ва писароне ба гирдашон мечарханд, ки чун онҳоро бубинӣ, пиндорӣ марвориди парокандаанд.

  • 76:20

    Чун бингарӣ, ҳар чи бингари неъмат фаровон аст ва фармонравоии бузург.

  • 76:21

    Бар танашон ҷомаҳоест аз сундуси сабз ва истабрақ. Ва ба дастбандҳое аз нуқра зинат шудаанд ва онҳоро Парвардигорашон шароби пок бинӯшонад.

  • 76:22

    Ин мукофоти шумост ва аз кӯшишатон шукргузорӣ шудааст.

  • 76:23

    Мо Қуръонро бар ту нозил кардем, нозил кардане некӯ!

  • 76:24

    Дар баробари фармони Парвардигорат собир бош ва аз ҳеҷ гуноҳкор ё носипосе итоъат макун!

  • 76:25

    Ва бомдодну шамгоҳон номи Парвардигоратро бар забон биёвар.

  • 76:26

    Дар қисме аз шаб саҷдааш кун ва дар ҳамаи дарозии шаб тасбеҳаш гӯй!

  • 76:27

    Инҳо ин дунёи зудгузарро дӯст доранд ва он рӯзи душворро паси пушт мепартоянд.

  • 76:28

    Мо одамиёнро офаридем ва аъзову пайвандҳояшонро нерӯманд гардонидем ва агар хоҳем, ба ҷои онҳо қавме монандашон биёварем.

  • 76:29

    Ин пандест. Пас ҳар кӣ хоҳад роҳе ба сӯи Парвардигори худ интихоб кунад.

  • 76:30

    Ва шумо ҷуз он намехоҳед, ки Худо хоста бошад зеро Худо донову ҳаким аст!

  • 76:31

    Ҳар касро, ки бихоҳад, шомили раҳмати худ созад ва барои ситамкорон азобе дардовар омода кардааст.

Paylaş
Tweet'le