80 ABESE

  • 80:1

    Рӯйро турш кард ва сар баргардонид,

  • 80:2

    чун он нобино ба наздаш омад,

  • 80:3

    Ва ту чӣ донӣ, шояд, ки ӯ покиза шавад,

  • 80:4

    ё панд гирад ва панди ту фоидааш кунад.

  • 80:5

    Аммо он ки ӯ тавонгар аст,

  • 80:6

    ту рӯи худ ба ӯ мекунӣ

  • 80:7

    ва агар ҳам пок нагардад, чизе бар зиёни ту нест.

  • 80:8

    Ва аммо он, ки шитобон ба назди ту меояд

  • 80:9

    ва метарсад, (аз худо).

  • 80:10

    ту аз ӯ ба дигаре рӯй, меорӣ.

  • 80:11

    Оре, ин Қуръон пандест,

  • 80:12

    пас ҳар кӣ хоҳад, аз он панд гирад.

  • 80:13

    Дар саҳифаҳое гиромӣ.

  • 80:14

    баландқадру покиза,

  • 80:15

    ба дасти котибоне,

  • 80:16

    бузургвору некӯкор.

  • 80:17

    Марг бар одамӣ бод, ки чӣ носипос (ношукр) аст!

  • 80:18

    Ӯро аз чӣ офаридааст?

  • 80:19

    Аз нутфае офарид ва ба андоза муайян кард,

  • 80:20

    сипас роҳашро осон сохт.

  • 80:21

    Он гоҳ бимирондаш ва дар гӯр кард.

  • 80:22

    Ва он гоҳ, ки хоҳад, зиндааш созад.

  • 80:23

    На ки ҳанӯз он чиро ба ӯ фармон дода буд, ба ҷой наёвардааст.

  • 80:24

    Пас одамӣ ба таъоми худ бингарад

  • 80:25

    Мо боронро фурӯ боридем, бориданӣ

  • 80:26

    ва заминро шикофтем, шикофтанӣ

  • 80:27

    ва дар он донаҳо рӯёнидем

  • 80:28

    ва току сабзавот

  • 80:29

    ва зайтуну нахл (дарахти хурмо)

  • 80:30

    ва боғҳои пурдарахт

  • 80:31

    ва меваву алаф,

  • 80:32

    то шумову чорпоёнатон баҳра баред,

  • 80:33

    Чун бонги қиёмат барояд,

  • 80:34

    рӯзе, ки одамӣ аз бародараш мегурезад

  • 80:35

    ва аз модарашу падараш

  • 80:36

    ва аз занашу фарзандонаш.

  • 80:37

    Ҳар касро дар рӯз корест, ки ба худ машғулаш дорад.

  • 80:38

    Чеҳраҳое дар он рӯз дурахшонанд,

  • 80:39

    хандонанду шодонанд.

  • 80:40

    Ва чеҳраҳое дар он рӯз ғуборолуданд,

  • 80:41

    дар сиёҳӣ фурӯ рафтаанд.

  • 80:42

    Инҳо кофирону фоҷиронанд (бадкорон).

Paylaş
Tweet'le