83 MUTAFFİFİN

  • 83:1

    Вой бар камфурӯшон,

  • 83:2

    онон, ки чун аз мардум кайл (паймона) меситонанд, онро пур мекунанд

  • 83:3

    ва чун барои мардум мепаймоянд ё бармекашанд, аз он кам мекунанд.

  • 83:4

    Оё инҳо намедонанд, ки зинда мешаванд

  • 83:5

    дар он рӯзи бузург?

  • 83:6

    Рӯзе, ки мардум ба пешгоҳи Парвардигори ҷаҳониён меистанд.

  • 83:7

    Ҳаққо, ки албатта аъмоли бадкорон навишташуда дар сиҷҷин аст.

  • 83:8

    Ту чӣ медонӣ, ки сиҷҷин чист?

  • 83:9

    Китобест навишта!

  • 83:10

    Дар он рӯз вой бар такзибкунандагон (дурӯғбарорандагон),

  • 83:11

    онон, ки рӯзи ҷазоро дурӯғ меҳисобанд!

  • 83:12

    Ва он рӯзро фақат аз ҳад гузарандаи гуноҳкор дурӯғ меҳисобад.

  • 83:13

    Чун оёти Мо бар ӯ хонда шуд, гуфт: «Афсонаҳои пешиниён аст!»

  • 83:14

    Ҳаққо, ки корҳое, ки карда буданд, бар дилҳошон (ғолиб шуда) занг бастааст.

  • 83:15

    Ҳаққо, ки дар он рӯз аз (дидори) Парвардигорашон маҳҷуб (маҳрум) бошанд.

  • 83:16

    Пас онҳо ба ҷаҳаннам дароянд.

  • 83:17

    Ва онҳоро гӯянд: «Ин аст он чӣ дурӯғаш мешумурдед!»

  • 83:18

    Ҳаққо, ки амалҳои некон дар иллийин мактуб аст.

  • 83:19

    Ва ту чӣ медонӣ, ки иллийин чист?

  • 83:20

    Китобест навишта!

  • 83:21

    Ки муқаррабони (наздикшудагони) Худо дар он менигаранд.

  • 83:22

    Албатта некон дар неъматанд,

  • 83:23

    бар тахтҳо нишаста ва назора мекунанд.

  • 83:24

    Бар чеҳраҳошон таровати неъматро бишиносӣ.

  • 83:25

    Аз шаробе холис, ки бар сари он мӯҳр ниҳодаанд, сероб мешаванд.

  • 83:26

    Мӯҳри он аз мушк аст ва пешдастӣ кунандагон дар он бар якдигар пешдастӣ кунанд,

  • 83:27

    Омезаи он тасним аст, (яъне ботасним омехта)

  • 83:28

    чашмаест, ки муқаррабони (наздикони даргоҳи) Худо аз он меошоманд.

  • 83:29

    Гуноҳкорон ба мӯъминон механдиданд

  • 83:30

    Ва чун бар онҳо мегузаштанд, ба чашму абрӯ ишора мекарданд (бо нияти масхара)

  • 83:31

    ва чун назди касонашон бозмегаштанд, шодмона бозмегаштанд.

  • 83:32

    Ва чун ононро медиданд, мегуфтанд, ки инҳо гумроҳанд.

  • 83:33

    Ва ҳол он ки ононро ба нигаҳбониву муҳофизати амалҳои мӯъминон нафиристода буданд.

  • 83:34

    Ва имрӯз мӯъминон ба кофирон механданд,

  • 83:35

    бар тахтҳо такя задаанд ва менигаранд.

  • 83:36

    Оё кофирон баробари амалҳояшон ҷазо ёфтаанд?

Paylaş
Tweet'le