95 TİN

  • 95:1

    Савганд ба анҷиру зайтун

  • 95:2

    савганд ба Тури муборак,

  • 95:3

    савганд ба ин шаҳри эмин,

  • 95:4

    ки мо одамиро дар некӯтарин сурате биёфаридем.

  • 95:5

    Он гоҳ ӯро фурӯтар аз ҳамаи фурӯтарон гардонидем, (пасттар аз ҳамаи пастҳо)

  • 95:6

    ғайри онон, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, ки музде бепоён доранд.

  • 95:7

    Пас чист, ки бо ин ҳол туро ба дурӯғ шуморидани қиёмат вомедорад?

  • 95:8

    Оё Худо довартарини доварон нест?

Paylaş
Tweet'le