96 ALAK

  • 96:1

    Бихон ба номи Парвардигорат, ки биёфарид,

  • 96:2

    одамиро аз лахтаи хуне биёфарид.

  • 96:3

    Бихон! Ва Парвардигори ту арҷмандтарин аст.

  • 96:4

    Худое, ки ба воситаи қалам омӯзиш дод,

  • 96:5

    ба одами он чиро, ки намедонист, биёмухт.

  • 96:6

    Ҳаққо, ки одами аз ҳад мегузарад,

  • 96:7

    ҳар гоҳ ки хештанро тавонгар бинад.

  • 96:8

    Албатта бозгашт ба сӯи Парвардигори туст.

  • 96:9

    Оё дидӣ он касро, ки, манъ мекунад,

  • 96:10

    бандаеро, ки намоз мехонад?

  • 96:11

    Канӣ бигӯ, агар он мард бар тариқи ҳидоят бошад?

  • 96:12

    Ё ба парҳезгорӣ фармон диҳад?

  • 96:13

    Канӣ бигӯ, агар дурӯғ барорад ва рӯйгардон шавад?

  • 96:14

    Оё надонистааст, ки Худо мебинад?

  • 96:15

    Ҳаққо, ки агар бознаистад, аз мӯи пеши сараш мегирему мекашем,

  • 96:16

    мӯи пеши сари дурӯғгӯи хатокорро.

  • 96:17

    Пас ҳамдамони худро даъват кунад.

  • 96:18

    Мо низ коргузоронидӯзахро даъват мекунем!

  • 96:19

    На, ҳаргиз, аз ӯ пайравӣ макун ва саҷда куну ба Худо наздик шав! (Саҷда).

Paylaş
Tweet'le